Ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Т. Аёмбеков ва Ё. Мамадасламов

Август 6, 2012 16:55

Душанбе, 6 август. (АМИТ “Ховар”). — Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳангоми санҷиши маводҳо вобаста ба тасарруфи пули ба тариқи кредит додашуда муайян гардид, ки дар асоси супориши собиқ қумандон Мамадасламов Ёдгор ҳамсари бародари вай Гулдарбоғова Оламбибӣ Тиллоевна, истиқоматкунандаи деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнон барои равнақ додани фаъолияти соҳибкориаш 22 августи соли 2008 ба бахши № 66 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар шаҳри Хоруғ бо дархост муроҷиат менамояд, ки ба мӯҳлати ду сол ба миқдори 350 ҳазор сомонӣ қарзи бонкӣ дода шавад.Бо таъсири бевоситаи Мамадасламов Ёдгор 11 сентябри соли 2008 шаҳрванд Гулдарбоғова О.Т. бо бахши № 66 “Амонатбонк” шартнома баста, дар асоси он бо ордери хароҷоти хазинавии № 07 аз 12 сентябри соли 2008 ба миқдори 350 ҳазор сомонӣ маблағро бо 20 фоизи солона ба мӯҳлати 2 сол мегирад. Мамадасламов Ё. ва Гулдарбоғова О.Т. бо маслиҳати ҳамдигар дар мӯҳлати муқарраршуда маблағи қарзи гирифташударо бо фоизҳояш барнагардонида, онро тасарруф намуда, ба манфиатҳои шахсиашон истифода бурдаанд. Айни замон маблағи тасарруфнамудаи онҳо бо фоизаш 695 ҳазору 847 сомониро ташкил медиҳад, ки ин зарари ҷиддӣ ба манфиатҳои “Амонатбонк” мебошад. Ба ҳамин монанд, Аёмбеков Толибек Абдураҳмонович ва писараш Абдураҳмонов Ғуломалӣ Толибекович 16 июни соли 2010 аз бонки номбурда ба маблағи 455 ҳазор сомонӣ барои равнақ додани фаъолияти соҳибкорӣ қарз гирифта, дар мӯҳлати ду соли дар шартнома пешбинишуда, яъне 16.06.с.2012 қарзи гирифтаашонро барнагардонидаанд. Айни ҳол маблағи кредити тасарруфнамудаи онҳо бо фоизаш 587 ҳазору 195 сомониро ташкил медиҳад. Бинобар ин, 01 августи соли 2012 бо қарори гурӯҳи оперативию тафтишотии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷкистон нисбати Мамадасламов Ё., Гулдарбоғова О.Т., Аёмбеков Т.А. ва Абдураҳмонов Ғ.Т. бо аломатҳои пешникардаи банди “б” қисми 3 моддаи 246 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои тасарруфи пули ба тариқи кредит додашуда аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши он идома дорад. Маркази ахбори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 6, 2012 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад