Корҳои барқарорсозӣ дар сойи Уяс

Август 16, 2012 15:25

Суғд, 16 август. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).- Дар натиҷаи омадани сели пайдарпай дар моҳҳои март, апрел ва май таҳкурсии пули болои сойи Уяс дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ осеб дида, ба ҳолати садамавӣ дучор гардид. Ҳарчанд корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҳудуди роҳҳо дар асоси шартнома ба ӯҳдаи ширкати «Инновайтив Роуд Солюшенз» нест, вале ширкат ба хотири нигоҳ доштани роҳу пулҳо дар сатҳи меъёрӣ маблағу қувваи корӣ ва механизмҳоро равона менамояд. Дар айни ҳол аз ҷониби ширкати «Инновайтив Роуд Солюшенз» дар минтақаи Суғд барои барқарорсозии таҳкурсии пули болои сойи Уяс 173 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шуда, ба андозаи 27,3 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардиданд.

Август 16, 2012 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш