“Корвони китоб” то куҷо ҳаракат дорад?
Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз 19 –ум то 26-уми июли соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Вазорати фарҳанг ва аҳли илму адаб ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Бадахшон «Корвони китоб» сафарбар карда шуд.Дар ин бора Шавкат Ҳабибуллоев муовини сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Таъминот ва савдои китоб»- и Вазорати фарҳанг ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.Тибқи иттилои манбаъ, дар доираи ин чорабинӣ намоиши китобҳои тозанашр, тақсими китобҳо ва маросими супоридани китобҳои тозанашри нашриёти давлативу хусусӣ, аз ҷумла «Ирфон»-у «Адиб» ба шӯъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Имсол барои такмили захираи китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Бадахшон 2157 нусха китоб бо маблағи 24 ҳазору 421 сомонӣ тақдим карда шуд. Ёдовар мешавем, ки ҳаракати “Корвони китоб” дар шаҳру навоҳии ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ аз 2 июл то 3 августи соли ҷорӣ сурат мегирад. Дар айни ҳол “Корвони китоб” дар водии Рашт қарор дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






