Оғози сафари расмии Э. Раҳмон ба Туркманистон

Август 23, 2012 10:51

Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар»). — Барномаи сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон субҳи имрӯз бо маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар назди қасри Оғузхони Президенти Туркманистон оғоз ёфт.Меҳмони олимақомро Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов истиқбол гирифта, ба болои минбари фахрӣ даъват намуд.Ба ифтихори ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷо горди фахрии Туркманистон, оркестри ҳарбии асбобҳои нафасӣ, корпуси дипломатии муқими Ашхобод ва ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб саф оростанд.Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузашти сарони ду давлат аз назди сафи горд, арзи эҳтиром ба парчами давлатии Туркманистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ва бо корпуси дипломатӣ ҷараён гирифт.Сипас мулоқоти хосаи сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баргузор шуд, ки дар он маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ гардид.Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин сафар ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.Муҳокимаи васеи масоили ҳамкории ду кишвар дар музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои ҳарду ҷониб сурат гирифт.Аз густариши робитаҳои сиёсӣ, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Таъкид гардид, ки барои боз ҳам афзун намудани нишондиҳандаҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бояд имкону захираҳои фаровони ҳамгироӣ дар бахшҳои гуногуни соҳаи энергетика, ба мисли истихроҷ ва коркарди нафту газ, рушди гидроэнергетика ва ҳамчунин густариши робитаҳои нақлиётию транзитӣ зарур шумурда шуд.Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти нафту газ ба Тоҷикистон, густариши робитаҳои нақлиётию транзитӣ ва дар маҷмӯъ афзоиши нишондодҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ҳавасмандии худро таъкид намуд.Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ягонагӣ ва ё наздикии мавқеи Тоҷикистону Туркманистон доир ба аксари масоили минтақавию байналмилалӣ ва ҳамчунин имкону захираҳои фаровони рушди ҳамгироӣ изҳори боварӣ намуд, ки ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар тайи солҳои наздик метавонад ба маротиб афзун гардад.Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:Созишномаи ҳамкорӣ миёни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Туркманистон;Созишнома миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Туркманистон дар бораи ҳамгироӣ дар мубориза бо қонунигардонӣ ва расмикунонии даромадҳои бо роҳҳои ҷиноӣ ва маблағгузории терроризм бадастомада;Созишномаи ҳамкорӣ миёни Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Турманистон;Барномаи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2013-2014;Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон барои солҳои 2013-2014;Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба мутақобилан ҷудо намудани қитъаи замин барои ҷойгир намудани Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон ва Сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон;Маросими имзои санадҳо бо имзои Баёнияи муштараки Тоҷикистону Туркманистон аз ҷониби сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба поён расид.Зимни изҳороти матбуотӣ сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид бар он доштанд, ки имкону захираҳои фаровони рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон бояд мавриди баҳрабардории ҳамаҷониба ва судманд қарор дода шавад.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхобод аз ҷониби Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар фазои тантанавӣ бо мукофоти олии давлатӣ — ордени Президенти Туркманистон Битараплик (Бетарафӣ) сарфароз гардонда шуд.Тавре зикр гардид, саҳми шоистаи шахсии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими амнияту суботи минтақавӣ, рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи судбахши миёни Тоҷикистону Туркманистон ва дастгирии мавқеи бетарафии ин кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ бо ин мукофоти олии давлатӣ қадрдонӣ мегардад.Хотиррасон гардид, ки Эмомалӣ Раҳмон чорумин шахсият аст, к ибо ин мукофоти олии давлатӣ сарфароз мегардад.То ин вақт бо ин мукофот Президенти нахустини Туркманистон Сапармурод Ниёзов, Президенти кунунии ин давлат Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва собиқ раиси Парлумони Туркманистон Овезгелди Атаев мушарраф гардидаанд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои чунин қадрдонии баланд арзи сипос карда, онро мукофоти арзандаи кулли мардуми Тоҷикистон номид.
 Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти иттилоотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.

Август 23, 2012 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Варзоб оид ба истифодаи самараноки неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Қариб 90 ҳазор ронандагон маблағи истифодаи роҳи Душанбе-Чанокро ғайринақдӣ пардохт менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо сарбозони Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Хонандагони ноҳияи Ҳамадонӣ барои гирифтани Стипендияи Раиси вилояти Хатлон омодагӣ мебинанд
Сарнишин аз Тоҷикистон дар фестивали байналмилалии парапланронӣ бо парчами давлатӣ парвоз анҷом дод
Дар қисматҳои баландкӯҳи ноҳияи Рашт кишти картошка идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Наваскарони қисми низомӣ дар ноҳияи Лахш савганди садоқат ба Ватан ёд намуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар боғҳои нав бунёд гардиданд?
Дар шаҳри Норак ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид