Сохтмони бинои маъмурӣ барои ҷамоати деҳот

Август 23, 2012 14:28

Рашт, 23 август . (АМИТ «Ховар» Мирзосафар Ризвонов).-Маркази деҳоти Ҳоит сол то сол ободу зебо гардида, биноҳои нави «Маркази савдо», ошхона, чойхона, варзишгоҳ, китобхона ва дорухона ба он ҳусни тоза мебахшанд. Ҳоло дар ҷамоати деҳот сохтмони бинои дуошёнаи маъмурӣ бо суръат давом дорад. Сохтмон аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба маблағи 2 млн 700 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, дар айни ҳол сохтмончиён ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмониро иҷро намуда, тасмим гирифтаанд, ки биноро охири соли 2013 ба истифода диҳанд.

Август 23, 2012 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш