Тавофуқоти Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои саноат, нақлиёт ва тиҷорат
Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар»).-Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон миёни КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» Талко ва Корхонаи коркарди нафти Туркменбошӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки мутобиқи он ҳамасола дар ҳаҷми 35 ҳазор тонна кокси нафтӣ бо нархҳои имтиёзӣ ба Талко ҷудо карда мешавад.Ҳамчунин мутобиқи супориши сарони давлатҳои ба сохторҳои масъули ду кишвар тарифҳои транзитии роҳи оҳани Туркманистон барои боркашонии Талко бояд сабук карда шавад.Тавре зикр гардид, ба туфайли ҳамкории Талко бо корхонаҳои саноатии Туркманистон ҳаҷми содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба ин кишвар дар нимсолаи якуми соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 240% афзун гардидааст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти иттилоотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






