Тоҷикони Қирғизистон:- «Оромии Тоҷикистон-осоиши тоҷикон»

Август 10, 2012 11:24

Мо, тоҷикони кишвари Қирғизистон ҳамеша аз бурду пешрафтҳои ҳамзабонони худ хушҳолу сарбаланд буда ва Тоҷикистонро ба унвони хонаи умедамон меҳисобем. Замоне ки дар сарзамини Тоҷикистон нооромӣ ва муборизаҳои бемаънии дохилӣ (солҳои 1992-1997) сар зад, мо худро захмдору бемадор ва рӯҳан шикаста эҳсос мекардем. Шукри он дорем, ки тайи 15 соли ахир дар замини ниёгони пурғурурамон фазои сулҳу ваҳдат, ободиву растагорӣ ҳукмфармо буда, мардум ба бунёдкорӣ машғуланд. Самараи ҳамин сулҳу ваҳдат аст, ки дасти кӯмак ва сахои Тоҷикистон ба мо, тоҷикони Қирғизистон низ расида ва ҳоло фарзандонамон дар донишгоҳҳои муътабари Душанбешаҳру Хуҷанд аз ҳисоби бурсияи Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳсил мекунанд.Барои мо тоҷикони Қирғизистон, ки беш аз 55 ҳазор нафарро ташкил медиҳем, идомаи оромиву ободии Тоҷикистон чун обу ҳаво зарур аст ва пешрафтҳои нав ба нави шумо, бароямон рӯҳу илҳом ва нерӯ мебахшад. Аз ин рӯ, хабари нохушиҳои ахири Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва талафоти ҷонии ин ҳодиса боиси нигаронӣ ва ошуфтаҳолии ҳамаи мо гардиданд. Мо низ дар солҳои 2005 ва 2010 дар Қирғизистон шоҳиди муқовиматҳои сиёсии дохилӣ шуда, чи будани бесуботӣ ва бенизомиҳоро медонем. Ҷумҳурии мо бо тадриҷ аз ин муқовиматҳо берун шуда, дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд қадам мегузорад ва умедворем, ки кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳамдастӣ ва ҳамгароӣ битавонанд некӯаҳволии сокинонро таъмин намоянд.Аз ин хотир, хоҳишу таманнои мо ин аст, ки сулҳи Тоҷикистон побарҷо ва мустаҳкам монад, мардуми сарбаланди тоҷик дар оянда низ дар роҳи пуршарафи бунёдкорӣ устуворона қадам занад. Дар як вақт аз сокинони Бадахшон, занону мардони ҳиматбаланд ва меҳмоннавози ин сарзамин интизор дорем, ки бо эҳтиром ба волоияти қонун барои аз байн бурдани беназмӣ ва саркашии гуруҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ ба мақомоти давлатӣ мусоидат ва кӯмаки худро идома хоҳанд дод.Боварӣ дорем, ки тоҷикон бо сармашқ қарор додани ақлу хирад ва заковати азалӣ дар ҷиҳати ҳаллу фасли нооромиҳои ин гӯшаи Тоҷикистон ва бозгардониданӣ фазои ҳамдигарфаҳмиву субот комёб хоҳанд шуд.Бо эҳтирому ихлос, гурӯҳи фаъолони Созмони тоҷикони Қирғизистон 1.Шарифҷони Учкурғонӣ.- шоир, аъзои Иттифоқи нависандагони Қирғизистон ва Тоҷикистон.2. Академик А.Р. Раимҷонов – Президенти фахрии Ҷамъияти тоҷикзабонони Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи А.Рудакӣ. 3.Саидазим Пӯлодӣ.- нависанда, мушовири Президенти Ҷамъияти тоҷикзабонони Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи А.Рудакӣ.4. М.Х. Додоев– муовини аввали Президенти Ҷамъияти тоҷикзабонони Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи А.Рудакӣ.5. К. А. Муриватов — сармуҳарири рӯзномаи тоҷикии «Паёми Ала Тоо».6. Б.Ш. Абдураззоқов -шаҳрванди фахрии ҷамоати деҳоти Учқурғон.7.Мавлон Шарифзода – раиси маркази фарҳангии тоҷикзабонони Учқурғон. 8. Б. Марасулов — раиси маркази фарҳангии тоҷикзабонони вилояти Ҷалолобод. 9. Н. Таиров — раиси маркази фарҳангии тоҷикзабонони ноҳияи Лайлаки вилояти Боткен. 10. Х.Мурзаев — раиси маркази фарҳангии шаҳраки Ҳайдаркони вилояти Боткан. 11. Н. Хамидов — раиси маркази фарҳангии тоҷикзабонони ноҳияи Қарасуи вилояти Ош. 12. И. Очилов — раиси маркази фарҳангии тоҷикзабонони д.Коргони ноҳияи Лайлаки вилояти Боткан. 13. А.И. Муйдинов — узви фаъоли ҷамъият.14. А.Г. Абдувоитов — узви фаъоли ҷамъият.15. Б.И. Исаков — узви фаъоли ҷамъият.16. М. Фаязидинов — узви фаъоли ҷамъият 17. Х. Ахмадалиева — узви фаъоли ҷамъият18. Р. Абдукаримов — узви фаъоли ҷамъият ва дигарон ҷамъан 30-нафар.

Август 10, 2012 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид