ТВ «СМТ» ба мавҷи нав гузашт

Август 7, 2012 16:07

Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Аз 6 августи соли 2012 ягона телевизиони хусусии пойтахти кишвар- «Симои мустақили Тоҷикистон» пахши барномаҳояшро дар басомади нав оғоз кард. Дар ин бора муассис ва директори ин телевизион Зинатулло Исмоилов хабар дод. Тавре ки иттилоъ доред, беш аз ду сол боз ТВ «СМТ» дучори мушкилот буд. Он ҳарчанд иҷозатномаи қонунии фаъолият дар басомади 29-ро дошт, вале базаи ҳарбии Русия, мустақар дар Тоҷикистон барномаҳои шабакаи аввали телевизиони Русияро ғайриқонунӣ дар ҳамин басомад пахш мекард ва барои бинандагони ТВ «СМТ» нороҳатиҳо эҷод менамуд. Инак ҳаводорони барномаҳои ТВ «СМТ» дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ваҳдат, Варзоб, Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Ёвону Файзобод имкон доранд ҳамарӯза барномаҳоро аз соати 18.00 то 23.00 ва аз соати 08.00 то соати 14.00 бемамониат тамошо кунанд. — Барои тамошои барномаҳои мо,- мегӯяд Зинатулло Исмоилов,- дар пулти телевизоратон тугмаи «меню»-ро пахш карда, бахши «настройка» — ро дарёбед. Сипас тавассути «ручная настройка» дар мавҷи детсиметрии UHF, дар басомади 550 мГц метавонед барномаҳои ТВ «СМТ»-ро бароҳатӣ тамошо кунед. Ёдовар мешавем, ки СМТ аввалин телевизиони хусусии ҷамъиятию сиёсии пойтахт буда, аз 18 июни соли 2007 фаъолият дорад. Симои мустақили Тоҷикистон чеҳраи нави Тоҷикистон аст.

Август 7, 2012 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад