Қабули лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 5, 2012 15:29

Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.Аз рӯи масъалаи аввали рӯзномаи иҷлосия- лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва муовини раиси кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Гулов суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки дар лоиҳаи Кодекси нави андоз расмиёти андозбандӣ ва ҳисобдиҳӣ хеле соддаю шаффоф пешбинӣ шудааст ва ҳадафи асосии он баланд бардоштани адолатнокию самарабахшӣ, сабук намудани бори андозҳо ва тавассути зиёд кардани шумораи андозсупорандагон ғанӣ гардонидани буҷети давлат мебошад.Таъкид гардид, ки қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки ҷавобгӯи шароити кунунии иҷтимоию иқтисодии кишвар аст, яке аз афзалиятҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир ба ҳисоб меравад ва дар ин замина ҳанӯз 24 июни соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ Комиссияи махсус таъсис гардида буд. Комиссия дар давоми қариб як сол бо ҷалби доираи васеи мутахассисон, коршиносон ва аҳли ҷомеа таҳлилу баррасии муқаррароти алоҳидаи лоиҳаи нави Кодекси андозро ба сомон расонид. Дар лоиҳаи нави Кодекси андоз тартиби андозбандӣ ва маъмурикунонии он бамаротиб содда гардонида шуда, шумора ва ҳаҷми андозҳои пешбинишаванда нисбат ба кодекси амалкунанда ба таври назаррас кам гардидааст, ки ҳамаи ин дар маҷмӯъ барои некӯаҳволии мардуми шарифи Тоҷикистон ва беҳтарсозии вазъи соҳибкории хурду миёна нигаронида шудааст. Сабукӣ ва имтиёзҳои дар лоиҳаи нави Кодекси андоз пешбинишаванда, ҳамчунин барои мусоид гардидани фазои иқтисодии кишварамон ҷиҳати сармоягузорӣ заминаи мустаҳками меъёрию ҳуқуқиро фароҳам месозад.Лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз муҳокимаи густарда ва баррасии боб ба боб ва модда ба модда қабул гардид.Дар иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ҳамчунин масъалаҳо дар бораи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба таъйин намудани Дилмурод Давлатов ба вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба таъйин намудани Хуршед Каримов ба вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъди ёд кардани савганд тасдиқ гардиданд.

Сентябрь 5, 2012 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад