Қадрдонии кормандони ҳифзи ҳуқуқ
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Ба муносибати 21-умин солгарди таҷлили Истиқлолияти давлатии кишвар дар Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов ҳамаи кормандон, собиқадорон ва оилаҳои кормандонеро, ки ҳангоми адои вазифа ҷон бохтаанд, бо Иди истиқлол табрику муборакбод намуда, зикр кард: «Саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар таҳкими Истиқлолият, сохти конститусионӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон назаррас ва арзанда мебошад». Котиби Шӯрои амнияти ҶТ Абдураҳим Қаҳҳоров аз номи Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кормандони мақомоти корҳои дохилиро бо ҷашни фархунда табрик гуфта, ба як гурӯҳ кормандон мукофотҳои давлатӣ супорид.Вазири корҳои дохилӣ ба собиқадорон ва оилаҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки ҳангоми адои вазифа ҷон бохтаанд, мукофотпулӣ тақдим намуда, варзишгарон — аъзои ҷамъияти варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилиро, ки дар бозиҳои 30-юми олимпиадаи Лондон-2012 ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд, бо мукофотҳои пурарзиш сарфароз гардонид. Аз ҷумла, ба Мавзуна Чориева дастгоҳи наворбардорӣ ва маблағи муайяни пулӣ, ба мураббияш низ маблағи муайяни пулӣ тақдим гардид. Ҳамзамон аз номи мардуми Бадахшон ба Мавзуна Чориева либоси бадахшонӣ супорида шуд. Мавриди зикр аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Тоҷикобод Асоев Шамсиддин Фатҳуддинович ва Зоиров Шамсиддин Давлатович барои ҳамкорӣ ва кӯмак расонидан ба мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин кормандони дигари Вазорати корҳои дохилӣ ба ифтихори 21-умин солгарди Истиқлол бо нишону медалҳои сарисинагӣ мукофотонида шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






