Ҳасанзод ва саҳми ӯ дар матбуот
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим)- Хизматҳои Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод, ки соли 1957 дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон таваллуд шудаву соли 1980 факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст, дар рушди соҳаи фарҳанги кишвар хеле назаррас аст. Узви Иттифоқи журналистон ва нависандагони Тоҷикистон Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод 30 сол мешавад, ки дар вазифаҳои масъулиятноки соҳаи матбуоти Тоҷикистон бо сабки хосу ҳадафрас фаъолияти пурсамар дошта, аз ҷумла, дар нашрияҳои «Газетаи муаллимон», «Роҳи ленинӣ», «Садои коргар», Ассотсиатсияи «Килк»-и Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Диққати ӯро бештар масоили беҳбуди иқтисод ва фарҳанги ҷомеа ҷалб мекунад. Хабару мақола, лавҳаю мухбирнома ва памфлету фелетонҳое ба табъ мерасонад, ки дархури рӯзгори мардуманд. Масалан, даврони барқарор кардани Ҳукумати конститутсионӣ дар мамлакат мақолоту гузоришҳои ин журналисти борикбин сафеду сиёҳро ба мардум чун дар ойина нишон додаанд. Комёбии дигари Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод — ин инъикоси воқеии соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ мақолаву фелетонҳои чопкардааш роҳбарони хоҷагиҳо ва муассисаҳои гуногуни кишварро ҳушдор дод, ки нисбат ба масоили ҳаётан муҳим бепарво набошанд. Хизмати барҷастаи Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод аз зинда гардонидани номи намояндагони илму адабиёти классик, аз ҷумла мутафаккири барҷастаи машриқзамин аллома Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, инчунин насли аввали санъатварони ҷумҳурӣ, аз қабили ҳофизони халқӣ Ҳошим Қосим, Одина Ҳошим, Бобохалили Одина, Шарифи Мирзонабот, Раҷабмади Валӣ, Саъдуллоҳи Карим, Азизи Сабзалӣ, Қодирҷони Шариф ва даҳҳо дигарон иборат аст. Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод аз соли 1997 то имрӯз дар дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Бо мақсади дарки пурраи асноди меъёрии ҳуқуқии соҳа ӯ ба Донишгоҳи андозу ҳуқуқи Тоҷикистон дохил шуда, онро бо Дипломи сурх (2003-2006) хатм намудааст. Вай дар барномаи «Навиди гумрук» аз тариқи Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон бурду бохти гумрукчиёни ҷумҳуриро ҳадафрас нишон медиҳад. Инчунин дар инъикоси ҷаласаҳои 13-уми Шӯрои роҳбарони Хадамоти андози давлатҳои Ҷомеаи иқтисодии Аврупою Осиё, 23-юмин Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки назди Кумитаи ҳамгироии Ҷомеаи иқтисодии Аврупою Осиё, дар ВАО ва баргузории нишастҳои матбуотӣ ширкати фаъол гирифтааст. Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод дар тӯли тамоми фаъолияташ ба тарғиби дастовардҳои давлату халқи Тоҷикистон, таъриху фарҳанг ва арзишҳои маънавии миллати тоҷик машғул шуда, зимни навиштаҳои хеш дар матбуоти ватанию хориҷӣ саҳм ва нақши тоҷиконро дар тамаддуни ҷаҳонӣ ҳақиқатнигорона арзёбӣ менамояд. Ҳамзамон, дар инъикоси воқеии маъракаи интихоботии соли 1994 бо пуштибонӣ аз Ҳукумати қонунии кишвар ва дурнамои фаъолияти он саҳми арзишманд гузоштааст. Китоби калонҳаҷми Сипеҳр Абдуллоҳи Ҳасанзод бо номи «Офтобо, ба ғуруб марав…»(Душанбе, «Адиб», 2005) бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба табъ расидааст. Муаллиф афкорашро бо сухани малеҳу фасеҳ ба қалам додааст. Доираи васеи олимону донишмандон ва адибон атрофи ин китоби пурмӯҳтаво изҳори ақида кардаанд. Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод аз соли 1990 узви Иттифоқи рӯзноманигорон, инчунин узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1997), Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001), дорандаи мукофоти олии журналисон ба номи А. Лоҳутӣ (2004) ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006) мебошад. Ӯ муаллифи бештар аз 10 китоби оммавию бадеӣ буда, дар доираҳои фарҳангию адабӣ ҳамчун журналист ва адиби боҳунар эътироф гардидааст. Ба муносибати 21-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шуд. Инак, мо тасмим гирифтем, то бо чанд суол ба ин рӯзноманигор ва адиби муваффақ муроҷиат намудааст:—-Шумо ҳамчун адиб ва рӯзноманигор бештар ба кадом ҷониби фаъолияти худ такя мекунед, рӯзноманигор будани худро зиёдтар эътироф мекунед ё нависанда буданро?—- Ростӣ, дар ҳар ду маврид, агар ҳамин тавр гуфтан ҷоиз бошад, эҷодкорам, зеро ҷамъи адибон муқаддаман мактаби рӯзноманигориро гузаштаанд. Ҳар ду ҷабҳаро барои худ муқаддас меҳисобам ва ин ду ҷониб ба ҳам тавъаманд. —- Шумо аз соли 1997 инҷониб дар дафтари Хадамоти гумрук фаъолият доред. Сабаби бахши гумрукро интихоб намудан ва беш аз 15 сол дар ин соҳаи мушкил фаъолият намудани шумо дар чист?—- Тақдир маро ба мақомоти гумруки ҷумҳурӣ пайвастааст. Бо вуҷуди сангинии фаъолият, дар ин соҳа мутахассисини боҳунар фаъолият менамоянд. Ин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар боло бурдани дараҷаи зиндагии рӯзгори мардум нақши муассир доранд. —- Чӣ чиз шуморо водор сохт, ки дар Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқ таҳсил кунед ва ин кор барои як рӯзноманигор бар замми ҳамаи фаъолияташ мушкил набуд? —- Фаъолият дар мақомоти гумрук ва риояи асноди меъёрии ҳуқуқӣ водор месозад, ки мутахассисон дар ҳамин чаҳорчӯба пайкор дошта бошанд. Аз ин рӯ, таҳсил дар донишгоҳи мазкур бароям бисёр паҳлӯҳои норавшани илми ҳуқуқро кушод, ки ин дар фаъолияти минбаъдаам ёрии амалӣ расонидааст. — Дар навиштани осори худ бештар ба навиштаҳои кадом нависандагони тоҷик пайравӣ мекунед?—- Аслан тақлидро дӯст надорам, вале агар то ҷое Худованди карим аз даричаи сахо марҳамат карда бошад, афкори дархӯр ба манофеи мардумро дар китобҳои худ рӯи саҳфа овардаам. Ҳаталимкон ҳатто дар хабару мақолаҳоям низ кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки қолиби журналистикаи муосирро риоя намоям ва дар адабиёт низ сабк ва пайи қалами худро дошта бошам. Аз нигоҳи Шумо дар тӯли 20 соли мустақилии Тоҷикистон дар бахши журналистика ва матбуот ба чӣ гуна пешрафтҳо ноил гардидем? —- Журналистикаи муосир дар давраи истиқлолият ба комгориҳои бузург шарафёб гардидааст. Бубинед, ки дар кишвари мо теъдоди зиёди чопхонаҳои хусусиву давлатӣ арзи ҳастӣ намуда, барои хабарнигорони дохиливу хориҷӣ шароити моддиву техникӣ фароҳам оварда шудааст. Агар дар ибтидои мустақилият як рӯзнома – «Чархи гардун» ба ташнагони иттилооти кишвар садои тоҷикона андохта бошад, имрӯз доираи васеи рӯзномаву маҷаллаҳо фазои иттилоотии моро пур кардаанд. Ҳамаи ин бо шарофати истиқлол ва сиёсати дурусти пешгирифтаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, инчунин Иҷлосияи сарнавиштсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол ба баргузории он 20 сол пур мешавад, ба даст омадааст. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамватанони азизро бо ҷашнҳои шукӯҳманди 21- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-умин солгарди баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии кишвар сидқан табрику таҳният мегӯям ва бошад, ки сулҳу субот дар сарзамини аҷдодӣ ва офтобрӯяи мо ҷовидона ва пойдор бимонад. —- Ташаккур барои сӯҳбат!Мусоҳиб: Афшини Муқим