Ҷаласаи «Чоргонаи зиддимухаддиротӣ» дар Душанбе
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ҳузури сарварони идораҳои мубориза бо маводи мухаддири чор кишвар: Афғонистон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон, ки дар паймони «Чоргонаи зиддимухаддиротӣ» ба ҳам омадаанд, ҷаласа доир мегардад. Маврид ба ёдоварист, ки ин сеюмин ҷаласаи паймон аст. Ду ҷаласаи аввали он моҳи декабри соли 2010 дар Маскав ва моҳи сентябри соли 2011 дар шаҳри Кобул доир шуда буд.Дар ҷаласа қарор аст тарҳҳои баррасишуда ва бахусус тарҳи пешниҳодии «Харитаи роҳ» мавриди иҷро қарор дода шаванд. «Харитаи роҳ» чор самти асосии ҳамкориҳо миёни чор кишвар: муқобилият ба таҳдидҳои мухаддиротӣ, ки аз қаламрави Афғонистон мерасад, пешгирии нашъамандӣ, чораҳои тиббӣ, офиятбахшӣ ва ҳамкориҳои байналмилалиро дар бар гирифтааст. Ҳамчунин чораҳои аввалиндараҷаи муқобилият ба қочоқи воситаҳои нашъаовар ва прекурсорҳои онҳо тибқи нақшаи «Харитаи роҳ» низ дар ҳамин дидор мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Дар кори «Чоргонаи зиддимухаддиротӣ» вазири мубориза бо маводи мухаддири ҶИА Зарор Аҳмад Муқбили Усмонӣ, котиби Вазорати мубориза бар зидди маводи мухаддири ҶИП Ҷовид Иқбол, директори ХФНМН ФР Виктор Иванов ва директори АНМН Рустам Назаров иштирок хоҳанд кард.Дар ҷамъбасти вохӯрӣ изҳороти муштараки роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии Ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистон, Покистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо мерасад.Дар доираи ҳамоиши мазкур баргузории мулоқотҳои дуҷониба бо роҳбарони хадамоти зиддимухаддиротии кишвар тарҳрезӣ шудааст.Дар ин бора аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






