Ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон дар Санкт-Петербург
Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 13 сентябри соли равон, дар шаҳри Санкт-Петербург 21-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид. Маҳфилро консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Муҳаммадназар Мирзода бо қироати шодбошҳои cафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев ба унвони тоҷикистониёни шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград оғоз намуда, сипас дар бораи таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ, густариши муносибатҳо бо кишварҳои гуногун, бахусус равобити гуногунҷанба ва мутақобилан судманди Тоҷикистону Русия сухан ронд.Дар чорабинӣ меҳмонони зиёде аз роҳбарияти шаҳрдории Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, хадамоти консулии кишварҳои хориҷии муқими Санкт-Петербург, созмонҳои ҷамъиятии миллатҳои гуногун ва донишҷӯёну зиёиёни тоҷикистонӣ ширкат варзида, аз комёбиҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, инкишофи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангии Тоҷикистону Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, заҳмат ва саҳми муносиби тоҷикистониён дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи шаҳру вилояти он изҳори назар карданд.Барои муаррифии бештари фарҳанги миллӣ гӯшаи фарҳангӣ ташкил ва филмҳое ҳам бо оҳангу таронаҳои миллӣ ва табиати зебои Тоҷикистон намоиш дода шуданд.Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






