Ҷавонони имрӯз – соҳибони фардои Ватан
Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — Сол то сол арзиш ва манзалати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хос пайдо карда, бо ибтикори Ҳукумати мамлакат ва пуштибонии мардуми шарифи кишвар чун санаи муқаддаси таърихӣ дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Истиқлолият заминаи пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаи кишвар мебошад. Дастовардҳои Тоҷикистон дар тӯли 21-соли соҳибистиқлолӣ дар бахшҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, иқтисод, саноат, илм, маориф ва фарҳанг далели ин гуфтаҳост. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таъмини ҳифзи иҷтимоии мардум, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, тавсеа ёфтани шабакаи технологияҳои иттилоотӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим, таҳсили ҷавонон ва ба воя расонидани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ тадриҷан рушд ёфта, бо вусъат дар сатҳи мӯътадил амалӣ мегарданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мунтазам таъқид менамояд, ки: «Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дӯши онҳо гузошта шудааст. Ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ кӯшишу талош намояд».Нақш ва иштироки ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳанг назаррас мебошад. Дар баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти ҳукумат муқаррар гардида, ҳоло он тавассути қабули барномаҳои миёнамӯҳлати соҳавӣ татбиқ шуда истодааст. Яке аз соҳаҳое, ки мисли кишвари тозаистиқлоли мо ҷавон мебошад, ин дипломатияи тоҷик аст. Вазифаи асосии ин соҳа татбиқи сиёсати хориҷии сарвари давлат, ки ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ равона шудааст, мебошад. Қобили зикр аст, ки дипломатияи тоҷик на танҳо худ ҷавон аст, балки дар он умдатан ҷавонон фаъолият доранд. Дар айни замон дар вазорат ва дар системаи хизмати дипломатии кишвар зиёда аз 56 дар сади кормандонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани макоми зан дар ҷомеа» аз соли 1999, бо ибтикори роҳбарияти Вазорат Шӯрои бонувони Вазорат таъсис ёфтааст, ки барои таъмини хуқуқу имкониятҳои баробар ба занон дар қатори мардон фаъолият дорад. Роҳбарии онро бошад яке аз занҳои ҷавону фаъоли Вазорат ба ӯҳда дорад. Чиҳил дар сади ҳайати хизмати дипломатии кишварро занон ташкил медиҳанд, ки ин нишондод рӯ ба афзоиш аст. Боиси тазаккур аст, ки қисмати зиёди кадрҳои миллӣ аз ҷумла занон хатмкунандаҳои мактабҳои махсуси академияҳои дипломатии Россия, ИМА, Австрия, Англия, Ҳиндустон ва донишкадаҳои бонуфузи дохилӣ ва хориҷӣ буда, бо донишу малакаи андухтаи худ дипломатияи ҷавони тоҷикро болиғ мегардонанд. Аз ҳисоби бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунандаи вазорат як муовини вазир ва чанд нафари дигар сарварии шӯъбаву бахшҳоро ба ӯҳда доранд. Интизор меравад, ки ба шарофати сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар, солҳои наздик дар қатори мардон дар сафи сафирони кишвар дар хориҷа ҷавонони болаёкат аз ҳимоби бонувони тоҷик таъйин хоҳанд шуд.Бояд гуфт, ки фалсафаи ҳаёт чунин аст, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани музаффариятҳои истиқлолият ба дасти ҷавонон мегузарад. Ҳамин аст, ки дар ҷаҳони пуртазоди муосир мубориза барои мафкураи ҷавонон торафт пурзӯр мегардад.Зеро ҷавонони бетаҷрибаву ноогоҳро ҳама гуна қувваҳои ифротӣ метавонанд ба худ моил сохта, онҳоро барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки сиёсии худ истифода баранд. Инро нобасомониҳои аввали солҳои навадуми асри гузашта дар кишвари мо бо ҳамаи пайомадҳои нохуш собит сохтанд. Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар шароити имрӯза аҳамияти беш аз пеш касб менамояд. Ин амр аз тамоми ҷомеа, алалхусус аз аҳли зиё тақозо дорад, ки моҳияти ваҳдату якдилӣ, ватану ватандорӣ ва ифтихору худшиносии миллиро ба ҷавонон ташвиқ намоянд, зеро дур шудан аз асли хеш маҳву заволи миллат аст.Чунонки таҳлилҳо нишон медиҳанд, ҷавонони лаёқатманду эҷодкори мо дар доираи имкон бо техникаву технологияҳои навтарин сарукор доранд ва дар ин ҷода ба дастовардҳои муайян низ ноил гардидаанд. Бо итминони комил гуфта метавон, ки ҷавонони кишварамон рисолати муқаддаси худро дар мавриди пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон амиқ дарк менамоянд ва фаъолияти созандаи худро аз ҳамин дидгоҳ тарҳрезӣ мекунанд.Дар ҳақиқат ҷавонон ворисони арзандаи халқу Ватан ва созандагони фардои ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.Ҳамасола дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонон шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад. Зеро ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи миллатанд. Ҳар тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, пеш аз ҳама, барои беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ояндаи неки Тоҷикистон аст.Боиси ифтихор аст, ки ҳисси ватандориву ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонони мо торафт боло рафта, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар сол аз сол тақвият меёбад. Дар ин раванди созандаву неки иҷтимоӣ ҷавонон бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки маҳз наслҳои дорои маърифати баланд ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдоди тамаддунсози хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмиву адабӣ буданд, зинда доранд ва бо такя ба хираду таҷрибаи ниёгони сарбаланди хеш асри тиллоии миллати хешро бори дигар эҳё намоянд.Онҳо бо амалӣ намудани татбирҳои созанда дар оянда нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизи худ ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.Мавриди зикр аст, ки ҷавонон дар Тоҷикистон воқеан нерӯи асосии ҷомеа буда, нисбат ба дигар табақаҳои иҷтимоӣ бештар фаъоланд. Эшон дар тӯли 21 соли Истиқлолияти давлатӣ дар рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми муносиб гузоштаанд.Умедворем, ки ҳар як ҷавони бонангу номуси кишвар омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва меҳнати самарабахшро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо мекунад ва дар таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва рушду ободии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузорад.Истиқлолият меваи бебаҳоест, ки онро мебояд чун гавҳараки чашм нигаҳ дошт. Истиқлолияти миллии Чумхурии Точикистон муборак бод!Котиби масъули Шӯъбаи комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Абдураҳимова Шаҳло