Баррасии лоиҳаи Кодекси андоз дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон

Сентябрь 3, 2012 16:15

Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз 3 сентябр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.Pаиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов дар бораи мақсад ва зарурати таҳияи лоиҳаи кодекси мазкур гуфт, ки дар лоиҳаи Кодекси нави андоз расмиёти андозбандӣ ва ҳисобдиҳӣ хеле соддаю шаффоф пешбинӣ шуда ва ҳадафи асосии он баланд бардоштани адолатнокию самарабахшӣ, сабук намудани бори андозҳо ва тавассути зиёд кардани шумораи андозсупорандагон ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ мебошад. Таъкид гардид, ки дар муқоиса бо Кодекси амалкунанда дар Кодекси нав 25 тағйироти асосӣ вобаста ба сиёсати андоз ва 10 тағйироти асосӣ вобаста ба маъмурикунонии андоз ворид шудааст. Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2012», «Дар бораи ҳамроҳшавии ҶТ ба Конвенсияи ҳимояи манфиатҳои истеҳсолкунандагони фонограммаҳо аз истифодаи ғайриқонунии фонограммаҳои онҳо», лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ «Дар бораи Комиссияи баҳисобгирии овозҳо дар ҷаласаҳои иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум», «Дар бораи Котиботи иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум», «Дар бораи гурӯҳи назоратӣ оид ба системаи электронии овоздиҳӣ дар ҷаласаҳои иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум», «Дар бораи тартиби инъикоси кори иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум», лоиҳаи қонунҳои ҶТ «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ихтироъ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси оилаи ҶТ» ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ «Дар бораи рӯзномаи иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум» — ро мавриди муҳокима қарор доданд. Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон пас аз суханронии раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Марҳабо Ҷабборова ва Олим Салимзода аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Сентябрь 3, 2012 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад