Чаро бо каллапӯш расм гирифтан иҷозат нест?
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Ҳафтаи сипаригардида дар Вазорати корҳои дохилии кишвар ҷаласаи корӣ таҳти унвони «Дар бораи ба расмият даровардани шиносномаи шаҳрвандии ҶТ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар он расми шаҳрванд насб карда мешавад, бобати шакли расми шаҳрванд» бо иштироки тамоми мақомоти дахлдор доир гардид. Бинобар воридоти арзу шикоятҳои шаҳрвандон, ҳангоми ба расмият даровардани шиносномаи шаҳрванди ҶТ бобати иҷозат додани сурат бо риш, каллапӯш, рӯймол ва ҳиҷоб тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ бо иштироки муовини вазири корҳои дохилӣ С. Ҷӯрахонов, роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД, кормандони масъули Прокуратураи генералӣ, Кумитаи дини назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ҷаласаи корӣ доир намуданд.Дар ҷаласа аъзои гурӯҳи корӣ ҳамаи арзу дархостҳои шаҳрвандонро мавриди муҳокима қарор дода, оид ба шакли расмгирӣ, чеҳраи шаҳрвандон ва чӣ гуна будани расми шаҳрвандон дар шиносномаву шаҳодатномаҳои ронандагӣ, ҳуҷҷатгузориҳои соҳибкорону шаҳодатномаҳои андозсупорандагон ва инчунин ҷавобгӯ будан ба талаботи ташкилоти байналмилалии Авиатсияи шаҳрвандӣ ибрози андеша намуданд ва пешниҳодҳои худро баён карданд. Бояд қайд кард, ки ҷаласа оид ба ин мавзӯъ маротибаи дуввум аст, ки доир мегардад ва дар он арзу шикоятҳои шаҳрвандон мавриди чораҷӯйӣ ва баррасӣ қарор дода мешавад. Гурӯҳи корӣ бори дигар ин масъаларо баррасӣ намуда, хулосаҳои худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабул намудани қарори дахлдор пешниҳод хоҳад кард.Дар ин бора корманди маркази матбуоти ВКД ҶТ Раҷаббек Илёсов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.