Даргузашти академик Муҳаммадҷон Шакурӣ

Сентябрь 17, 2012 08:32

Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – 16 сентябри соли 2012 яке аз донишмандон ва равшанфикрони маъруфи тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар бемористони Ибни Синои шаҳри Душанбе дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт. Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ба иллати бемории саратон аз 5 сентябри соли ҷорӣ дар бемористони мазкур бистарӣ шуд ва бегоҳии 14 сентябр ба сабаби шиддати беморӣ ба ҳолати мадҳушӣ афтод ва зери дастгоҳи танаффуси маснӯӣ қарор дошт. Даргузашти донишманди машҳур, муаллифи даҳҳо асарҳои пурарзиш, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ барои илм, адабиёт ва фарҳанги Тоҷикистон талафоти бузургест.Муҳаммадҷон Шакурӣ – фарзанди маорифпарвари тоҷик Шарифҷон Махдуми Садри Зиё 30 октябри соли 1926 дар шаҳри Бухоро таваллуд ёфтааст. Вай соли 1945 факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанберо хатм намуда, сипас ба сифати муаллими Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ва дар солҳои 1947-1953 ба ҳайси устоди Донишкадаи омӯзгории ш. Душанбе кор кардааст. Устод Шакурӣ дар соли 1959 ба сифати мудири шӯъбаи адабиёти муосири Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти АИ Тоҷикистон таъйин шуда, дар ин вазифа то соли 1989 фаъолият намудааст.
 
Тадқиқоти илмии устод Шакурӣ аз баррасии «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ оғоз шуда, минбаъд мероси гаронбаҳои Садриддин Айнӣ меҳвари асосии пажӯҳишҳои адабиётшиносии ӯ қарор гирифт ва натиҷаи ин ҷустуҷӯҳои илмиву эҷодӣ дар рисолаи арзишманди «Садриддин Айнӣ» ҷамъбаст гардид.
Муҳаммадҷон Шакурӣ соли 1958 рисолаи номзадӣ ва соли 1971 рисолаи доктории худро дар бахши адабиётшиносӣ дифоъ намудааст. Вай соли 1956 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва соли 1987 ба узвияти Академияи илмҳои Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Муҳаммадҷон Шакурӣ дар соҳаи амалияи забони адабии тоҷик, сайри таърихӣ, вазъи кунунӣ ва масъалаҳои фалсафию иҷтимоии забони миллӣ асарҳои арзишманд офаридааст, ки «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад», «Забон ҳастии миллат аст» аз ҳамин ҷумлаанд. Соҳои охири умр устод Шакурӣ оид ба таъриху вазъи кунунии фарҳанги миллӣ, сарнавишти таърихии мардуми тоҷик, мақоми тоҷикон дар ҷараёни фарҳангсозии башарӣ чанд китоби гаронбаҳо эҷод карда, ки «Мактаби одамият», «Хуросон аст ин ҷо», «Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон»-ро аз ин қатор метавон ном бурд.
Устод Шакурӣ аз соли 1996 узви вобастаи Академияи забон ва адабиёти форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон буд. Вай муаллифи 44 китобу беш аз 500 мақолаи илмист ва аз муаллифони «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ва лоиҳаи «Қонуни забони давлатӣ мебошад.
Аз Раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки маросими хайрбод бо устод Шакурӣ имрӯз,17 сентябр, баргузор мешавад. Соати 12 дар маҳаллаи иқомати устод дар Қарияи Боло бо ширкати аъзои Ҳукумати Тоҷикистон, раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон, иттиҳодияҳои эҷодӣ, дӯстону пайвандон ва ҳаводорони сухани ӯ митинги мотам ва соати 13 дар масҷиди ҷомеи деҳкадаи Калинин салоти ҷаноза барпо мегардад. Ҷасади устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар қабристони Лучоб ба хок супорида мешавад.  

Сентябрь 17, 2012 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст