Эмомалӣ Раҳмон: «Ободии Ватан – қарзи имонии соҳибватан!»
Душанбе, 9 сентябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим)- 8-уми сентябр дар паёми телевизионии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҳамаи мардуми кишварро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ- 21- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфтан, инчунин таъкид дошт, ки дар замони муосир истиқлолият пешорӯи мо вазифаҳои пурмасъулият, аз ҷумла нигаҳдошти мустақлияти кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи марзу буми аҷдодиро мегузорад. Аз ин рӯ, Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки: «дар чунин шароит амиқ дарк кардани ҳадафҳои пешрафти кишварамон, таҳкими дастовардҳои таърихӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатамон дар арсаи байналмилалӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар яки мо мебошад».Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳду талош кардан дар роҳи таҳкими ваҳдати миллӣ, сарҷамъии миллат ва ободии имрӯзу фардои кишварро қарзи имонии ҳар як соҳибватан унвон карда, таъкид дошт, ки мо бояд ба он роҳ надиҳем, то андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тундравӣ ва таассубу тахрибкорӣ ба тафаккури мардуми мо ва бахусус наврасону ҷавонон нуфуз пайдо кунанд, зеро сарҷамъии миллат, сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсиву иҷтимоӣ аз ҷумлаи шоҳсутунҳои кохи мӯҳташами истиқлол, сарчашмаи бахту иқболи халқи тоҷик ва кафолати рушди муназзаму устувори давлати тоҷикон мебошанд. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон барои соҳиб шудан ба мақоми арзанда дар арсаи байналмилалӣ ба ҳар яки мо зарур аст, ки фаъолияти худро бо дарназардошти талаботи замони муосир ба роҳ монда, ҳамаи имкониятҳоямонро барои тарбия ва ба воя расонидани насли созандаву бофарҳанг ва ватандӯсту ободгар, яъне соҳибони ояндаи марзу буми аҷдодӣ, инчунин тайёр кардани кадрҳои соҳибмаърифату баландихтисос равона созем.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






