Футболбозони тоҷик бо дастаи Украина вомехӯранд

Сентябрь 21, 2012 09:58

Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Аз рӯи натиҷаи қуръапартоии мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Туркманистон оид ба футбол дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои мунтахаби Украина, Ӯзбекистон ва Беларус қувваозмоӣ менамояд.Дар ин мусобиқот ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Туркманистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон ва Арманистон шомиланд.Тавре ки аз Федератсия футболи Тоҷикисон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқот барои дарёфти Ҷоми президенти Туркманистон, ки аз 20 то 29 сентябр баргузор мешавад, 9 даста иштирок мекунад. Футболбозони тоҷик дар даври якуми мусобиқот имрӯз бо дастаи Украина вомехӯранд.Бозиҳои минбаъдаи футболбозони ҷавони тоҷик 23 сентябр бо футболбозони Ӯзбекистон ва 25 сентябр бо дастаи мунтахаби Беларус сурат мегирад.Мукофоти мусобиқот барои дарёфти Ҷоми президенти Туркманистон 35 ҳазор доллар аст.

Сентябрь 21, 2012 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш