Истиқлолият аз нигоҳи ҷавонон

Сентябрь 8, 2012 11:07

Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Рӯҳуллоҳ). — Аксари ҷавонони тоҷик мегӯянд, муддати 21 соли охир ҳаёташон бурд ва бохтҳое дошт. Ба гуфтаи онҳо, истиқлолияти миллӣ аз як сӯй барои ҷавонон тавонист имкониятҳои навро фароҳам оварад ва аз сӯи дигар ин давра зуҳуроти манфии иҷтимоиро ҳамроҳ дошт. Ҳангоми як назарпурсӣ ҷавонони тоҷик, ки аксаран ҳамсоли истиқлол буданд, иброз медоштанд, ки истиқлолияти Тоҷикистон воқеаи сарнавиштсозу муҳим барои миллат буд.  Фирдавс ҷавонест, ки аз ҷашни 21-умин солгарди истиқлолияти кишвар истиқбол мекунад. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо маҳз бо пойдории истиқлолияти кишвар насли ҷавони имрӯз нисбатан ҷасуртару нотарс шудааст. -Даврони истиқлол, як даврони шурӯи қиём, афтидану хестан ва ба по рост шудани миллати тоҷик буд. Албатта, истиқлолият он ҳама ормонҳоеро, ки талошкунандагонаш, хусусан ҷавонон мехостанд, дода тавонист, зеро соҳибистиқлолӣ аз ғуломиву пойбастагӣ беҳтар аст, вале набояд аз мушкилоте, ки зиндагии ҷавононро домангир аст, чашм пӯшид, зеро он ҳодисаҳое, ки бархе аз ҷавонон бо онҳо рӯ ба рӯ ҳастанд, аз ҷумла мушкили бекорӣ мушоҳида мешавад,-афзуд ӯ . Мавзуна Холмуродова, чавондухтари 21- сола, ки ҳамсинни истиқлолият аст, гуфт: ҳарчанд маҳз ин давра ӯро ба хориҷ аз кишвар барои таҳсил бурд, дар ҳақикат муддати ин 21 –соли истиқлолият Тоҷикистон обод шуд, ҷавонони мо озод метавонанд дар тамоми кишварҳои дунё таҳсил кунанд. Умед ҳаст, ки кишвари мо рӯ ба ободӣ оварда истодааст ва бояд мо ҷавонон барои пешрафти ин кишвар дар бахшҳои гуногун саҳми худро гузошта бошем,-иброз дошт Мавзуна.Дар ҳамин ҳол Рустам Мачидов, ҳамсӯҳбати дигари мо гуфт: “пеш аз ҳама, бояд гӯям, аз ин истиқлол хеле шодам. Он ба тоҷикон имкон дод, ба асли худ бозгарданд, озодона адабиёту фарҳанги худро бидуни сояи коммунизм ва сиёҳкунии ҳар чӣ қабл аз шӯравӣ буда омӯзанд. Он имкон дод, тоҷикону тоҷикистониён дар сатҳи ҷаҳонӣ аз номи худ баромад кунанду парчами худро бардоранд. Дар ин давра танҳо аз нуктаи назари хуқуқӣ, марзӣ ва идораи дохилӣ мо расман мустақил шудем”,-гуфт Рустам. Аз ин хотир бояд худи ҷавонон барои пешрафти фаъолиятҳояшон кӯшиш дошта бошанд. Ҳамакнун 9-уми сентябр аз пойдории истиқлоли Тоҷикистон 21 сол сипарӣ мешавад, ки дар ин муддат ҳамаи бахшҳои Тоҷикистон рӯ ба рушд ниҳод. Ҷавонон низ тавонистанд ва бештар аз ин мехоҳанд бо истифода аз фазои соҳибистиқлолии Ватан дар тамоми самтҳо нақши худро гузоранд.

Сентябрь 8, 2012 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад