Конфронси сеюми миллии туристии Тоҷикистон

Сентябрь 27, 2012 18:49

Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- 27 сентябр дар меҳмонхонаи «Ҳаят Риҷенси»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии туризм Конфронси сеюми миллии туристии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, ширкатҳои туристӣ ва коршиносони хориҷии соҳаи туризм ширкат варзиданд. Соҳаи туризм дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Соли гузашта ба ҷумҳурӣ 183 000 нафар меҳмонон омаданд, ки ин нисбат ба соли 2010 23 ҳазор нафар зиёд аст. Маърӯзачиёни конфронс таъкид намуданд, ки солҳои охир муаррифии захираҳои туристии Тоҷикистон хеле беҳтар шудааст. Дар натиҷа соли гузашта танҳо аз мамолики Ғарб қариб 20 000 сайёҳ ба Тоҷикистон омад.- Аз байн бурдани ҳар гуна монеаҳои маъмурӣ, ҷалби сармоя барои бунёди инфрасохтори туристӣ, ширкати муассисаҳои байналмилалӣ ба рушди соҳа мусоидат намуд, — гуфт мудири шӯъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Дилором Мирсаидова. — Ҳоло сайёҳони беш аз 80 кишвар метавонанд аз фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе ва Хуҷанд раводиди Тоҷикистонро дастрас намоянд.Мушовири давлатии Президенти ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Фаррух Ҳамралиев изҳор намуд, ки аз соли 2010 то 9 моҳи соли ҷорӣ рушди иқтисоди мамлакат 7% таъмин гардид. Тайи чанд соли охир дар бобати рушди инфрасохтори туризм дар мамлакат корҳои назаррас анҷом дода шуд. Умедворем, ки сармоягузорӣ дар ин бахши ояндадор минбаъд бештар мегардад.Ба гуфтаи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Маликшо Неъматов барои рушди соҳаи туризм ҳамкории тамоми сохторҳо зарур аст, зеро тараққӣ ёфтани ин соҳа боиси пайдошавии ҷойҳои нави корӣ, баландравии эътибори мамлакат ва ғанӣ гардонидани буҷа мешавад. Дар конфронс мушовири калони сайёҳии Маркази рушди Таиланд Ҷон Ҳуммел, мушовири калони «Пайроҳаи Аппалачӣ» аз иёлати Каролинаи шимолии ИМА Ҷулия Ҷудкинз, мушовири Созмони ҷаҳонии туристии СММ Гавин Белл дар бораи роҳҳои рушди сайёҳӣ дар мавзеи кӯҳсор, гуногуниҳои фарҳангӣ, устувории иқтисод ва рушди босубот, ҳаёти нав бахшидан ба захираҳои мавҷуда Сухан гуфтанд.

Сентябрь 27, 2012 18:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд