Муҳимтарин масъалаҳои ҳаётӣ дар баррасии вакилу интихобкунандагон

Сентябрь 17, 2012 16:22

Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Мулоқотҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон дар вилоёт ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ идома доранд. Имрӯз дар доираи ин тадбир вакили Маҷлиси намояндагон Абдузафар Иномов бо сокинони ҷамоати деҳоти Холматови ноҳияи Бобоҷон Fафурови вилояти Суғд мулоқот намуд.Дар мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, кишоварзӣ ва дигар масъалаҳои хоҷагии халқи ноҳия изҳори назар карда шуд. Абдузафар Иномов ба интихобкунандагони хеш нахуст дар бораи фаъолияти парлумони касбӣ, нақши он дар фароҳам овардани шароити мусоиди қонунгузорӣ дар кишвар ва ҳалли мушкилоти аҳолӣ дар доираи қонунҳои амалкунанда маълумот дод.Намояндаи мардумӣ ҳамчунин роҷеъ ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози назар карда, саҳми сокинони ноҳияи Бобоҷон Fафуровро ҷиҳати касби ин дастовардҳо муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки таҷлили 20 – умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар вилояти Суғд боиси ифтихор ва сарбаландии мардуми ин вилоят мебошад. Аз ин лиҳоз мардуми соҳибтамаддун ва соҳибфарҳанги вилояти Суғдро зарур аст, ки бо меҳнату заҳмати созанда ва бо ҳисси садоқат ба Ватану миллат ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ин ҷашни таърихӣ саҳми арзанда гузоранд.Байни вакили Маҷлиси намояндагон ва аҳли заҳмати ҷамоати деҳоти Холматов роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ табодули назар карда шуд. Дар вохӯрӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти дурандешу хирадманд Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои наздик ба се ҳадафи калидии пешгирифтаи худ, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ хоҳад расид.Саволу посухҳое, ки байни намояндаи мардумӣ ва интихобкунандагон сурат гирифт, дарбаргирандаи муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии аҳли заҳмати ин ноҳия буд.

Сентябрь 17, 2012 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд