Мулоқоти Сарвари давлат бо роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ

Сентябрь 19, 2012 18:44

Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар»)-Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ мулоқот намуд.Дар мулоқот масоили вобаста ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷинояткории муташаккили гурӯҳӣ, баланд бардоштани омодагии касбии кормандони мақомоти давлатӣ, дуруст ҷо ба гузоштани кадрҳои роҳбарӣ ва вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ дар миёни мардум баррасӣ шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз камфаъолиятӣ ва хунукназарии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар роҳи мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳамчунин бепринсипию муросокории судяҳо дар баррасии баъзе парвандаҳои ҷиноятӣ изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт: «Агар ҳамаи шумо вазифаҳои худро содиқона ва бо касбияти баланд саривақт иҷро мекардед, кор ба ин дараҷа намерасид».Барои беҳсозии вазъи кунунии шаҳри Хоруғ, таъмини волоияти қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва ба бунёдкорию созандагӣ ва тарзи ҳаёти солим сафарбар намудани мардум, хусусан ҷавонону наврасон ба роҳбарияти мақомоти дахлдор доир ба таълиму тарбияи касбии кормандон, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии онҳо супоришҳои мушаххас дода шуд. Таъкид гардид, ки барои роҳ надодан ба таъсири афкору ақоиди зараровари бегона, тарғибу ташвиқи арзишҳои волои давлатдории миллӣ, истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, худшиносию худогоҳӣ ва бурдани тарзи ҳаёти солим шахсиятҳои обрӯманди шаҳру ноҳияҳои вилоят, зиёиён ва ҷавонони фаъолу ватандӯст васеъ ҷалб карда шаванд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сентябрь 19, 2012 18:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад