О. Оқилов равобити иқтисодӣ бо Чинро баррасӣ кард
Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Аз 1-ум то 3-юми сентябри соли равон Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов дар шаҳри Урумчии ноҳияи мухтори Синҷо Уйғури Ҷумҳурии мардумии Чин дар расми кушоиши Намоишгоҳи дуюми байналмилалии тиҷоратию саноатии «ЭКСПО-Чин–АвруОсиё» ишитирок кард. Маросими ифтитоҳи расмии Намоишгоҳи дуюми байналмилалии тиҷоратию саноатии «ЭКСПО- Чин–АвруОсиё» дар ҳамбастагӣ бо форуми «Ҳамкориҳои минтақавӣ ва рушди устувор» дар маркази байналмилалии намоишгоҳҳои шаҳри Урумчӣ бо иштироки сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои як қатор давлатҳои ҷаҳон баргузор шуд. Оқил Оқилов нахуст аз мавзеи намоишгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан карда, баъдан дар расми кушоиши Намоишгоҳи дуюми байналмилалии тиҷоратию саноатии «ЭКСПО- Чин–АвруОсиё» иштирок ва суханронӣ намуд. Сарвазири мамлакат таъкид дошт, ки намоишгоҳи мазкур имкони фарохи табодули таҷриба ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои доманадори байнидавлатиро дар соҳаҳои нави афзалиятнок фароҳам оварда, доираи ҳамгироиҳои байниҳамдигариро васеътар хоҳад гардонид.Дар Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушод пеш бурда мешавад ва ҷониби Тоҷикистон пайваста ҳавасманди густариши робитаҳои баманфиат бо тамоми давлатҳои сайёра мебошад, — изҳор дошт Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов.Мавриди зикр аст, ки дар намоишгоҳи байналмилалӣ як қатор корхонаҳо ва ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар доираи баргузории «ЭКСПО- Чин–АвруОсиё» мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ва Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии мадуми Чин Вен Тсзябо доир шуд.Оқил Оқилов доир ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ изҳори назар кард ва пешниҳод намуд, то аз ҷониби Чин масъалаи сохтмони роҳи оҳан ва хатҳои минтақавии интиқоли гази табиӣ, маблағгузории сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи туризм, лизинг дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳамкориҳо дар соҳаи тухмипарварӣ мавриди назар қарор дода шаванд.Вен Тсзябо бо ҷонибдорӣ аз ин таклифу пешниҳодоти ҷониби Тоҷикистон омодагию ҳавасмандии хешро баҳри татбиқи лоиҳаҳои муштараки байнидавлатӣ дар соҳаҳои мазкур баён кард.Тавваҷӯҳи зарурӣ ҳамзамон ба масоили татбиқи лоиҳаҳои минтақавии байнидавлатӣ дар бахши сохтмони роҳи оҳан ва хатҳои интиқоли гази табии, таъмини робитаи доимии байналмилалӣ дар гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Чин: Қулма –Қаросу, тақвияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ва зеркомиссияи амалкунандаи «Тоҷикистон ва Синҷо», ҳамчунин рушди соҳаи истихроҷи газ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон зоҳир карда шуд.Дар шаҳри Урумчӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ҳамчунин бо Котиби Ҳизби коммунистии ноҳияи мухтори Синзяну Уйғур Чжан Чунсян мулоқот кард.Дар мулоқот аз раванди рушду тавсеаи бештар пайдо кардани ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ноҳияи сернуфуси Чин изҳори қанотмандӣ шуд. Тавре ки таъкид гардид, аз сад фисади гардиши молу маҳсулот миёни ду давлат зиёда аз 30 фисади он ба савдои байниҳамдигарии Тоҷикистон ва ноҳияи мухтори Синзяну Уйғур рост меояд. Оқил Оқилов аз роҳбарияти ноҳияи мухтори Синзҷо Уйғур даъват ба амал овард, то дар оянда талошҳо барои таҳкими ҳамкориҳо боз ҳам бештар гардонида шаванд.Бо истифода аз фурсати муносиб дар шаҳри Урумчӣ Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо роҳбарони як қатор ширкатҳои бонуфузи Чин, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд, аз ҷумла бо раиси Шӯрои директорони ширкати «Твеа» Чжан Син, раиси Шӯрои директорони ширкати «Шанхай Хейченг Ресурс» Хуан Сзянжун ва директори генералии корпоратсияи «Чайна Роуд» Вен Ган мулоқот кард.
Роҳбарияти ширкату корпоратсияҳои мазкур аснои вохӯрӣ аз шароити созгори фаъолият ва фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда ва омодагии хешро барои дар оянда татбиқ кардани лоиҳаҳои муштарак дар самти ба кор андохтани иқтидорҳои нави гидроэнергетикӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсоли таҷҳизоти электрикӣ, сохтмони роҳу кӯпрукҳо ва хаттои интиқоли неруи барқ, инчунин коркарди муштараки маъданҳои кӯҳӣ баён доштанд.