Омодагӣ ба чемпионати «Ҷоми Иттиҳод»
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Ба қавли сардори Хадамоти матбуоти Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурақиб Қодиров аз рӯи нақшаи чорабиниҳои варзишии Шӯрои Марказии созмонҳои мудофиавӣ ва варзишию техникии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор аст, ки охирҳои моҳи сентябр ва ибтидои моҳи октябри соли равон дар заминаи Клуби ҷумҳуриявии варзиши тирандозии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии варзиши тирпаронӣ барои дарёфти «Ҷоми Иттиҳод» баргузор гардад. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинӣ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба истиқболи меҳмонон, ҷойгиркунии аъзои дастаҳои мунтахаб ва баргузории мусобиқа кумитаи тадорукотӣ таъсис ёфтааст. Дар айни ҳол корҳои таъмирӣ дар толорҳои варзишӣ ва атрофи Клуби ҷумҳуриявии варзиши тирандозӣ шурӯъ гардида, он бояд то арафаи оғози мусобиқа ба анҷом расад.Варзишгарони ташкилот барои иштироки сазовор дар ин мусобиқа ва ҳифзи эътибори варзишии Тоҷикистон тамрини худро шурӯъ намудаанд. Мавриди зикр аст, ки созмони мудофиавии кишвар ба рушди варзиши тирандозӣ таваҷҷӯҳи пайваста зоҳир намуда, дар доираи баланд бардоштани ин навъи варзиш тадбирҳои зиёд андешидааст. Федератсияи варзиши тирандозии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии сарвари кулли ширкати «Babilon-Mobail» Беҳзод Файзуллоев ба инкишофи ин навъи варзиш ва дастгирии варзишгарон аҳамияти хосса дода, аз нигоҳи молиявӣ ва техникӣ кӯмаку мусоидат менамояд. Бо дастгирии федератсия варзишгарони тоҷикистонӣ дар чандин мусобиқоти сатҳи байналхалқӣ иштирок намуда, шарафи варзишии кишвари соҳибистиқлоламонро ҳифз намудаанд. Бо боварии том метавон гуфт, ки аъзои дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ барои иштирок дар мусобиқаи байналхалқии «Ҷоми Иттиҳод» мукаммал гардида, баъди гузаштани даври муқарраршудаи тамринот дар чорабинии сатҳи байналмилалии қарибулвуқӯъ сазовори мақоми намоён хоҳанд шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






