Сӯҳбати Ш. Раҳимзода бо Улф Хиндстром

Сентябрь 19, 2012 14:05

Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Улф Хиндстром баргузор гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии вазорати мазкур иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва раванди ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон ибрози назар намуданд. Инчунин ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои марбут ба рушди робитаҳои дуҷониба мубодилаи афкори судманд намуданд.

Сентябрь 19, 2012 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш