Сӯхтор дар бозори яклухти «Корвон»

Сентябрь 6, 2012 16:07

Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – 5-уми сентябри соли 2012 соати 18:17 дақиқа ба маркази алоқаи Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳодисаи сӯхтор дар бозори савдои яклухти ҶДММ «Бозори Корвон», воқеъ дар кӯчаи Крупская 2-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хабар расид. Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани ҷузъу томҳои мазкур сӯхтор масоҳати зиёди бозори савдои яклухтро, ки дар канори рости шоҳроҳи Душанбе-Қўрғонтеппа ҷойгир шудааст, фаро гирифта, паҳншавии он бо суръати баланд идома дошт. Ба ҷойи ҳодиса қувваю воситаҳои иловагии қисмҳои Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Рўдакӣ ва дастаи оташнишонии ҶДММ «Бозори Корвон», инчунин автомобилҳои обкаши Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, дар маҷмўъ 29 адад автомобили оташнишонӣ, 16 адад автомобили обкаш, ҳайати шахсии хадамоти оташнишонӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ сафарбар карда шуданд. Хомўш намудани сўхтор аз он сабаб душвор гардид, ки аз лаҳзаи сар задан танҳо баъди сипарӣ гардидани муддати зиёда аз 40 дақиқа ба хадамоти оташнишонӣ хабар дода шудааст. Ғайр аз ин, вазидани шамоли сахт ва мавҷуд будани миқдори зиёди молҳо низ дар хомўш намудани сўхтор таъсири манфӣ гузошт. Дар натиҷаи сўхтори мазкур бахши савдои яклухти ҶДММ «Бозори Корвон» дар масоҳати зиёда аз 5000 метри мураббаъ нобуд гардида, 4 нафар шаҳрванд ҷароҳат гирифта, тавассути мошинҳои «Ёрии таъҷилӣ» ба беморхона равон карда шуданд. Ғайр аз ин, як нафар шаҳрванд дар натиҷаи аз болои бом ба сараш афтидани пораи шифер ба ҳалокат расид.Бо мақсади ҳифзи молу ашё ва амволи шаҳрвандон аз сўхтор, роҳ надодан ба дуздиву ғоратгарӣ ва талаву тороҷ беш аз 2000 корманди мақомоти корҳои дохилӣ сафарбар шуда, ба таври шабонарўзӣ фаъолият намуданд, ки дар натиҷа молу маҳсулоти соҳибкорони бозор дар масоҳати 10000 метри мураббаъ наҷот дода шуд.Гурўҳи соҳибкорон бо мақсади арз намудан хостанд ба Ҳукумати шаҳр муроҷиат кунанд, вале Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади шунидани арзу шикояти соҳибкорон ва тоҷирон худ ба бозори «Корвон» ба маҳалли ҳодиса омада, бо онҳо оид ба санҷиши холисонаи ҳодиса ва барқарор кардани зарари расида сўҳбат намуд. Дар айни замон барои муайян намудани сабабу шароитҳои ба амал омадани сўхтор ва маблағи зарари моддии дар натиҷаи он расонидашуда гурўҳи корӣ аз ҳисоби кормандони Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда таъсис дода шуда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Сентябрь 6, 2012 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ маркази савдои муосир ба истифода дода шуд
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Дар Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ дар Ашқобод иштирок намуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд