Сабаби рушди соҳаи кишоварзӣ

Сентябрь 28, 2012 08:21

Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Яке аз роҳҳои асосии пешрафти соҳаи кишоварзӣ дар ВМКБ беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обӣ, истифодаи оқилона ва самараноки он, ҳамчунин азхуд кардани заминҳои нав дар давраи истиқлолияти кишвар аст,- иттилоъ доданд аз Сарраёсати кишоварзии ин вилоят ба мухбири АМИТ «Ховар». — «Ҳамасола дар ВМКБ ба ҳисоби миёна беш аз 115 гектар замини нав азхуд карда мешавад. Дар шароити кӯҳистони Бадахшон азхуд кардани ин миқдор замини навкорам кори саҳл нест. Бо истифода аз чунин меҳнати сангин, дар шароити дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ даҳҳо ҳазор гектар заминро азхуд кардан мумкин аст»,- иброз дошт сараграном Д. Давлатқадамов.Ба иттилои манбаъ, тибқи барномаи нави барои солҳои 2012- 2020 қабулгардида азхуд кардани боз 830 гектар замин пешбинӣ шудааст. Таҳлилҳои азхудкунии заминҳои нав дар давоми даҳ соли охир нишон дод, ки дар ВМКБ ба 198 нафар сокини вилоят 1 гектар замин, дар вилояти Суғд барои 2280 нафар ва дар вилояти Хатлон бошад барои 2590 нафар аҳолӣ 1 гектар замин рост меояд.

Сентябрь 28, 2012 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад