Сафари кории Сарвари давлат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар»)-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ин минтақаи баландкӯҳи ҷумҳурӣ сафар кард.Тайи ин сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хорӯғ ва чанд ноҳияи ин вилоят ташриф оварда, як зумра иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад ва ба сохтмони иншооти зиёди дигар оғоз мебахшад. Мулоқоту суҳбатҳои бевосита бо мардуми касбу кори гуногун ва маҷлиси машваратӣ бо роҳбарону фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилоят низ аз ҳадафҳои асосии ин сафар аст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






