Таҷлили Истиқлоли Тоҷикистон дар Маскав
Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Маскав, дар Кохи фарҳанги Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия 21-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия таҷлил гардид. Дар даромадгоҳи Кохи фарҳанг гурӯҳи карнаю сурнайнавозон ва доирадастон бо оҳангу садоҳои дилошӯб меҳмонон — сафирону роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими шаҳри Маскав, роҳбарону намояндаҳои ниҳодҳои расмии Федератсияи Россия, аз ҷумла роҳбарону кормандони Вазорати корҳои хориҷии кишвари иқомат, тоҷикистониёни муқими Русия, сарварону намояндагони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониёни кишвари иқомат, кормандони расонаҳои хабариро пешвоз гирифтанд. Дар оғоз сурудҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия садо дода, сипас Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев чорабиниро расман кушода, аз раванди дастёбии Тоҷикистон ба истиқлолият, аҳамияти он, мушкилоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ёриву мусоидати ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва бахусус Федератсияи Русия хотирнишон шуд. Ӯ гуфт: «Мо, тоҷикон аз Иттиҳоди Шӯравӣ сипосгузорем. Мутаассифона, пас аз фурӯпошии он, ҳини касби истиқлол, ба мушкилоти зиёд дучор шудем. Аммо, хушбахтона, бо кӯмаку мусоидати ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишварҳои дӯсту бародар, ИДМ ва махсусан, Русияи бузург мушкилиҳо паси сар шуда, имрӯз Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи муносиби худро пайдо кардааст».Сафирдар бораи инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, саъю талошҳои роҳбарияти ҷумҳурӣ баҳри ҳалли масоили мавҷуда, нақшаву барномаҳои созанда, се ҳадафи муҳими стратегии кишвар, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ сухан ронда, зимнан аз бунёдкориҳо, бахусус аз сохтмони роҳу нақб ва пулҳои гуногун ёдовар шуд ва таъкид кард, ки «қаблан мо танҳо як роҳ доштем – ба сӯи шимол, ҳоло, мо ҳам ба сӯи ҷануб ва ҳам ба сӯйи шарқ роҳ кушодаем». Дар бораи сиёсати хориҷии кишвар, бахусус, «сиёсати дарҳои боз» сухан ронда, ӯ аз сатҳи хуби муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳо ва созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, таваҷҷӯҳи хос ба инкишофи муносибатҳои гуногунҷабҳа бо кишварҳои ИДМ ва пеш аз ҳама Русия, иннунин алоқамандии доимии Тоҷикистон ба рушди равобит ва ҳамсоягии нек бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ таъкид ба амал овард. Сипас Андрей Иванович Денисов – муовини якуми вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия ҳамаи тоҷикистониёнро бо 21-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла зикр кард: «Маҳз хиради таърихии мардуми тоҷик боис шуд, ки дар Тоҷикистон сулҳу субот барқарор гардад». Ӯ ҳамчунин аз нақши бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд ва инкишофи минбаъдаи ҷумҳурӣ ёдовар шуд. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия ба инкишофи робитаҳои Тоҷикистону Русия ва имкону тавони зиёди ҳамкориҳои дуҷониба низ таъкид кард. Пас аз он дастаи ҳофизону раққосон, аз ҷумла ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ноҳид Зайналпур, барандагони озмунҳои байналмилалӣ дар Италия Раҳим Боқиев (Душанбе) ва Ли Муза (аз Созмони кореягиҳои Русия), роҳбари дастаи ҳунарии «Капитан» Салоҳиддин Бобоҷонов (аз ш. Митино), овозхони хушсадо Нуралӣ Ҷӯраев бо рақсу суруд ва навоҳои дилошӯб хотири меҳмононро шод гардонанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия иттилоъ доданд.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






