Тоҷикистон раиси ТРАСЕКА мешавад
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ Мартин Мармӣ ва Дабири кулли Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА Эдуард Бирюков масоили ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин созмони байналмилалӣ ва барномаи ТРАСКА доир ба бунёди долони нақлиётии Аврупо-Қавқоз-Осиё баррасӣ шуд. Дабири кулли Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА Эдуард Бирюков дар ҷамъи хабарнигорон гуфт:«Мо дар якҷоягӣ бо Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудем: азбаски Тоҷикистон дар соли 2013 раёсати ТРАСЕКА-ро ба ӯҳда хоҳад дошт, дар доираи он конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба рушди нақлиёти автомобилӣ ва имкониятҳои транзитии Осиёи Марказӣ барои давраи то соли 2020-ро низ баргузор намоем».Эдуард Бирюков ба фаъолияти босамари соҳаҳои нақлиётии Тоҷикистон баҳои баланд дода, бунёди роҳу нақбҳоро василаи асосии баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ арзёбӣ намуд. Номбурда изҳори итминон кард, ки дар оянда низ ҳамкории Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА ва Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ бо Тоҷикистон рушду густариш хоҳад ёфт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






