Вохӯрии судманди М. Маҳмадаминов ва Ҳусайни Анворӣ
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Имрӯз мулоқоти вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов бо Ҳусайни Анворӣ, сарпарасти Кумитаи имдоди Имом Хумайнии ҶИЭ баргузор гардид. Дар мулоқот муовинони вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Т. Табаров ва Л. Шарипова, раиси Дафтари намояндагии Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ ҷаноби оғои Сайидҷаводи Разавӣ, ҳайати намояндагони ҶИЭ ва дигар кормандони масъули вазорат ширкат варзиданд.Зимни сӯҳбат тарафайн роҷеъ ба натоиҷи ҳамкории судманд ва нақшаҳои минбаъда ибрози назар намуданд.Фаолияти муфиду судманди башардӯстонаи кумита дар тӯли 17 сол ба унвони як сохтори хайрияи байналмилалӣ дар ҶТ тимсоли нуқтаи пайвасти қалбҳои мардуми тоҷику эронӣ гардидааст. Кумитаи имдод дар самтҳои гуногун ба хонаводаҳои бесарпарасту камбизоат мусоидат намуда, роҳи саодатбори раҳоӣ аз маҳрумиятро ба ин хонаводаҳои ниёзманд омӯзонидааст. Яке аз шохаҳои пурсамари дарахти тановари имдод, дар баробари шохаҳои дигари он — кӯмаки ҷузъӣ ва пулӣ, дармонӣ, сохтмонӣ, фарҳангӣ, худкифоӣ, омӯзиши касбу ҳунар ба ин гуна хонаводаҳо ба шумор меравад. Дар соли равон аз ҷониби Кумитаи имдод дар заминаи 630 тавсияномаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ дар ҷумҳурӣ кӯмакҳои молиявӣ, маводи доруворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва кӯмаки моддӣ, аз қабили равған, биринҷ, шакар, орд дастрас карда шуд. Дар заминаи қарордоди ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарпарасти Ҳавзаи муовинати ҳамоҳангии умури байналмилалии Кумитаи имдоди Имом Хумайнии ҶИЭ аз 13 июли соли 2007 бо мақсади рушди фаъолияти фардӣ ва тайёр намудани мураббиён аз ҳисоби занону духтарон марказҳои таълимии касбомӯзӣ дар шаҳрҳои Душанбею Кӯлоб (2 марказӣ), Қурғонтеппа, Ваҳдат, Хоруғ, Хуҷанд ва ноҳияҳои Нурободу Рашт таъсис дода шуд. Аз ҷониби намояндагии Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон, инчунин дастгоҳҳои дӯзандагӣ ба филиалҳои «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияҳои Рашт ва Дарвоз барои омӯзиши ин касб тақдим гардид. Намунаи корҳои амалии ҳар як ҳунарҷӯ, ки аз 30 то 100 шаклро ташкил медиҳад, дар Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон», намояндагии Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон ва «Ширкати гавҳаршиносии Осиёи Шарқӣ»-и Эрон ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Дар ин раванд ҳамкории судманди тарафайн идома хоҳад ёфт. Дар ин бора аз котиботи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.