З. Ализода ба Екатеринбург меравад
Душанбе, 7 сентябр.(АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо ташаббуси Созмони ҷамъиятии «Маркази оид ба ҳуқуқҳои инсон» ваколатдори ҳуқуқи инсон Зариф Ализода дар ҳошияи лоиҳаи «Таҳкими иқтидори дафтари ваколатдори ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ» аз 9 то 13 сентябр аз шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия дидан мекунад. Ин сафари корӣ бо мақсади зиёд кардани донишҳои кормандони дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла, принсипҳои кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо созмон дода мешавад. Ғайр аз ин, барномаи сафари корӣ мулоқот бо кормандони Хадамоти муҳоҷирати ҶТ ва Консулхонаи ҶТ дар вилояти Сердловск ва вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар бар мегирад. 14 сентябр дар шаҳри Маскав мулоқоти Зариф Ализода бо ваколатдори ҳуқуқи инсони шаҳри Маскав А.Музикантский баргузор мегардад. Дар доираи сафари корӣ кормандони дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсони ҶТ таҷрибаи фаъолияти дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсони вилояти Свердловскро дар амри ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ меомӯзанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






