Зикри имконияти Тоҷикистон дар бахши сайёҳии байналмилалӣ
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз муовини аввали вазири корҳои хориҷии кишвар Маҳмудҷон Собиров дар иҷлосияи ҷашнӣ ва мулоқоти чоруми вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд. Маҳмудҷон Собиров дар бораи масъалаҳои таҳкими амнияти минтақавӣ, аз ҷумла, мавқеъ ва саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди барқарорсозии иқтисоди Афғонистон суханронӣ карда, аҳамияти зиёди тақвияти бештари ҳамкории кишварҳоро дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар хатарҳои таҳдидкунанда зикр намуд.Тавре ки аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, таваҷҷӯҳи ҳозирин ба мушкилоти нақлиётию коммуникатсионӣ ва дигар монеаҳо дар рушди ҳамгироии фарогир дар Осиёи Марказӣ ҷалб гардида, ҷиҳати роҳандозии фаъоли ҳамкориҳои иқтисодию энергетикӣ аз кишварҳои узви МҲТБО даъват ба амал оварда шуд. Масъалаҳои марбут ба гуфтугӯи тамаддунҳо ва рушди ҳамкориҳои сайёҳию гуманитарӣ низ аз мавзӯъҳои меҳварии суханронии муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ буд. Дар ин робита имконот ва захираҳои табиию инфрасохтории Тоҷикистон дар бахши сайёҳии байналмилалӣ зикр гардид.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






