Ҳимояти омбудсменҳо аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ

Октябрь 30, 2012 15:38

Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ)- Имрӯз дар Душанбе конфронси дурӯза таҳти унвони «Воситаҳои пурсамари ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ: нақши омбудсменҳои Осиёи Марказӣ ва Русия» шурӯъ шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Идораи ваколатдори ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон хабар доданд. Тибқи хабари расида ин ҳамоиш аз ҷониби Дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ғайридавлатӣ (ТҒД)-и «Маркази ҳуқуқи инсон» созмон ёфта, ҳадаф аз баргузории он таҳкими ҳамкорӣ миёни омбудсменҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Русия ва ТҒД баҳри баланд бардошти масъулияти онҳо дар ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони корӣ ва оилаҳои онҳо унвон шуд. Масъалаи нақзи ҳуқуқи занони муҳоҷир, дастрасии онҳо ба марказҳои ҳуқуқӣ, дифоъ аз муҳоҷирони корӣ дар Русия ва Қазоқистон, ҳамчунин дастрасии муҳоҷирони ҷавон ба омӯзиш аз мавзуъҳои муҳим арзёбӣ мешавад. Маврид ба зикр аст, ки ҳамоиши дурӯза дар доираи «Барномаи минтақавии муҳоҷират дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия» бо ташаббуси ташкилоти «СММ- Занон», Созмони байналмилалии муҳоҷират ва Бонки ҷаҳонӣ бо дастгирии ҳукумати Бритониёи Кабир ва лоиҳаи «Таҳкими имконоти Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ» баргузор мешавад. Ва ҳамчунин маблағгузории онро «Барномаи Швейтсария оид ба ҳуқуқи инсон» ба уҳда дорад.

Октябрь 30, 2012 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш