Ҷаласаи роҳсозону нақлиётчиёни ИДМ
Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 16-уми октябр дар шаҳри Маскав Анҷумани III-юми роҳсозони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ, дар Анҷумани роҳсозон роҳбарони кумитаҳои иҷроияи кишварҳои узви ИДМ ширкат карда, масоили марбут ба ҳамоҳангсозии кори нақлиёт ва роҳҳои ИДМ-ро баррасӣ мекунанд. Ҳамчунин дар нишаст намояндагони ҳукумати иҷроия ва қонунбарори Федератсияи Русия ва ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ, як қатор вазорату ташкилотҳо, мутахассисони варзидаи соҳаи роҳсозӣ ва кумитаҳои иттифоқҳои касаба иштирок менамоянд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






