Ҷаласаи вазирони фарҳанги АвруОсиё дар Душанбе
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Аз 15 то 17 октябр дар шаҳри Душанбе панҷумин ҷаласаи Шӯрои фарҳанги назди Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё доир мешавад. Дар он вазирони фарҳанги Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Тоҷикистон ширкат меварзанд. Тибқи барномаи иҷлосия мулоқоти вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ бо ҳамтоёни меҳмони худ, боздид аз Китобхонаи миллӣ, музейи осори бостонӣ, ҳамчунин баргузории Конфронси байналмилалии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таҳти унвони «Масоили ҳифз, истифода, тармим ва нигоҳдории ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ» ва нишасти матбуотии вазирони фарҳанг пешбинӣ шудааст. Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои қарорҳои 4-умин ҷаласаи Шӯрои фарҳангии АвруОсиё, Созишномаи самтҳои ҳамкориҳои фарҳангӣ дар доираи АвруОсиё, татбиқи барномаи тадбирҳо дар бобати иҷрои дурнамои самтҳои асосии ҳамкории кишварҳои узви АвруОсиё, ҷараёни омодагӣ ба Ҷашнвораи севвуми халқҳои АвруОсиё, инчунин масоили сиёсати фарҳангии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Раҳматулло Раҳматуллоев хабар дод.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






