Ҷилавгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Октябрь 15, 2012 11:12

Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Кормандони Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари роҳандозии муваффақонаи амалиёт барои ҷилавгирии қочоқи маводи мухаддир, якчанд кӯшиши дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хилофи қонун паҳн намудани маводи мухаддирро пешгирӣ карданд. Мувофиқи хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи мухаддир, дар ҷараёни амалиёти таъҷилӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон се нафар сокинони вилоят дастгир шуда, аз онҳо маводи нашъаовар, аз ҷумла героину ҳашиш мусодира гардид.Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноӣ кушода, алҳол барои муайян намудани шахсони дигаре, ки дар ин қазия иштирок доштаанд, чораҳои зарурӣ дида мешаванд.

Октябрь 15, 2012 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш