Ба низоми муайян даровардани расму оин
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша вохӯрии сармутахассиси шуъбаи фарҳанги дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Т.Рашидов ва сармутахассиси Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Тоҷикистон Н. Ризоева бо кормандон баргузор гардид. Т.Рашидов гуфт: «Имрўз, ки ҷомеа ба давраи нави инкишофи худ, солимгардонии ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, маънавию фарҳангӣ ва тафаккури нави демократӣ қадам гузоштааст, мақоми қонунҳо ҳамчун танзимгарони шароити фароҳамоварӣ, омӯзиш ва тарғиби маҷмӯи меъёрҳои рафторию ахлоқии инсон беш аз пеш меафзояд. Оид ба татбиқи қонунҳои мазкур дар ҷумҳурӣ бисёр корҳо анҷом дода мешаванд». Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки кайҳо вақти он расида буд, ки расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян дарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн барем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил гардем.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






