Баррасии Созишномаи байни Тоҷикистону Чин
Душанбе, 2 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҷдиди қисмати сеюми марҳилаи аввали роҳи автомобилгарди «Душанбе — Қулма» қитъаи «Душанбе-Данғара»-ро аъзои Шўрои Маҷлиси намояндагон дар ҷаласае, ки 2 октябр таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат доир шуд, муҳокима намуданд. Инчунин дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» баррасӣ шуда, Олим Салимзода- раиси кумитаи корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагон онро тавзеҳ дод.Аъзои Шўро ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», Дар хусуси «Протоколи молиявӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба Лоиҳаи сохтмони терминали нави «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»» аз 1 майи соли 2009 ва «Созишномаи иловагӣ ба Протоколи молиявӣ» аз 1 майи соли 2009 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса, ки 29 июни соли 2012 ба имзо расидааст, муҳокима намуданд. Таъкид гардид, ки тамоми масъалаҳои мазкур барои баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ равона шудаанд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






