Хадамоти муҳоҷират «Раҳнамои муҳоҷири корӣ»-ро маҳкум кард!
Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). – Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назари расмии худро доир ба интишори китобчае, ки бо номи «Раҳнамои муҳоҷири корӣ» чанде қабл дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия бо теъдоди 10 ҳазор нусха чоп гардид ва дар он муҳоҷирон ба сурати ҷорӯбу чӯткаи рангмолӣ ва андовачӯбу ғелак нишон дода шудаанд ва шакли электронии он дар шабакаҳои ҷаҳонии интернет низ ҷойгир шудааст, онро аз нигоҳи арзиши инсонӣ рафтори носавоб ва муғризона медонад.Ин амали номатлуб, ки аз сӯи гуруҳҳои алоҳида барои «ҳадафҳои нопок» роҳандозӣ шудааст, таҳқири муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Хадамоти муҳоҷират даъват ба амал меорад, ки масъалаи мазкур аз сӯи мақомоти ваколатдор мавриди тафтишот ва баррасӣ қарор дода шуда, аз интишори чунин падидаҳои номатлуб, ки дар халалдор кардани раванди осоиштаи кору зиндагии мардум ва ба вуҷуд овардани тирагиҳо миёни қавму миллатҳои гуногун кор мегирад, ҷилавгирӣ намоянд. Ба иддаои Хадамоти муҳоҷират онҳое, ки даст ба чунин иқдом задаанд, ҳаргиз ба мақсадҳои шуми хеш нахоҳанд расид, зеро ин амали нораво аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мутамаддин ба ҳеҷ ваҷҳ мавриди пуштибонӣ қарор нахоҳад гирифт.Ин дастурамал, ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Назаре ба оянда» дар доираи лоиҳаи «Ғарбу Шарқ» бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ ва қирғизӣ тарҷума ва нашр шудааст, мавҷи эътирозҳоро дар миёни созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва худи муҳоҷирон дар Русия ба бор овардааст ва бояд ин амал мавриди тафтиши мақомот қарор гирифта, маводи мазкур аз байн бурда шавад.Дар ин бора ба АМИТ”Ховар” аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Абдуллоҳи Қодирӣ иттилоъ дод.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






