Хизмтрасонии тиббӣ барои ҳоҷиёни тоҷик дар кадом сатҳ аст ?

Октябрь 12, 2012 12:05

Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Зиёрати хонаи Худо аз муҳимтарин орзуи деринаи ҳар фарди мусалмон маҳсуб мешавад. Ҳамасола барои адо намудани ин фаризаи Илоҳӣ беш аз панҷ миллион нафар мусулмон аз саросари дунё ба ин макони муқаддас ташриф меоранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қариб тамоми сокинонаш мусулмон аст, аз ин неъмати худовандӣ низ бархурдор мебошад. Тӯли солҳои охир сатҳу сифати хизматрасонӣ ба ҳаҷравандагони Тоҷикистон кулан дигаргун гардидааст. Хизматрасонии тиббӣ барои ҳоҷиён ва саломатии онҳо нақши калидӣ мебозад. Барои аз наздик шинос шудан бо фаъолияти ҳайати табибони мавсими «Ҳаҷ-2012» бо сардухтур ва роҳбари ҳайати табибон Назир Расулов ҳамсӯҳбат гардидем, ки чунин изҳори андеша намуд: «Аввалан шукри истиқлоли Ватан, ки мо барои адо намудани ин рукни дини ислом озодона ва бе ҳеҷ монеае метавонем ба зиёрати хонаи Худо, ба ин макони муқаддас равем. Сониян қайд кардан ба маврид аст, ки фаъолияти мо шабонарӯзист ва дар кадом ҳолате, ки бемор қарор дошта бошад, мо аз ҳоли ӯ хабардор мешавем. Ҳамарӯза мо беш аз сад нафар беморро ташхис менамоем ва вобаста ба беморӣ табобат мекунем. Барои ташхис ва табобати таъҷилӣ тамоми шароит ва доруворӣ муҳайёст. Дар ҳолатҳои ниҳоят вазнин ду мошини ёрии таъҷилӣ дар хизмати ҳоҷиён гузошта шудааст, ки беморони вазнинро ба беморхонаҳои Арабистони Саъудӣ таҳти назорати духтурони эҳёгар интиқол медиҳанд. Масалан, бемор Сайлӣ Бобохонова ҳоло ба диабети қанд гирифтор аст. Бемор дар давоми ду шабонарӯз доруҳои лозимиро барои бемории қанд истеъмол накардааст. Аз ин рӯ қанди хунаш баланд шуда, бемор аз ҳуш рафт. Ҳангоми муоина муаяйн шуд, ки қанди хуни бемор ба 18,2 миллимол (меъёр 4,4-6,6) расида ва дар бемор фалаҷии дасту пойи рост дида шуд. Бемор фавран бо мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхонаи» Зоҳир» расонида шуд. Бемор дар муддати се шабонарӯз дар шуъбаи эҳё қарор дошт. Баъд аз муътадил шудани қанди хун ва бартараф гардидани фалаҷии дасту пой бемор аз беморхона ҷавоб дода шуд.Сари вақт ба духтурон муроҷиат кардан сабаби тезтар пешгирӣ намудани беморӣ ва шифо ёфтани онҳо мегардад. Ҳамзамон табибон фурсат ёфта, дар миёни ҳоҷиён корҳои фаҳмондадиҳиро мебаранд, то ҳоҷиён худро эҳтиёт намоянд.Нафари дигар Аскар Давронов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки бо ҳолати вазнин ба мо муроҷиат намуд. Баъд аз муоинаи тиббӣ ва табобат саломатии бемор дар ҳолати муътадил қарор дорад. Ҳоло рӯзи чорум аст, ки табобатро идома дода истодааст, баъд аз муолиҷа бемор метавонад ба ибодати худ идома диҳад.

Октябрь 12, 2012 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд