Иштирок дар ифтитоҳи Маркази тиҷоратию хизматрасонии Ситораи Шарқ

Октябрь 28, 2012 18:50

Душанбе, 28 октябр (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Истаравшан бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои чорошёнаи Маркази тиҷоратию хизматрасонии Ситораи Шарқ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Чунонки иттилоъ дода шуд, бинои хуштарҳу зебои ин марказ бо харҷи беш аз 2,5 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ҷавони маҳаллӣ Ҳоким Ҳомидов бунёд ёфта, дар он 120 нафар соҳиби кори доимӣ шудаанд.Дар ошёнаи якуми он толори омодасозӣ ва фурӯши либосҳои миллии занона ва арӯсӣ бо гулдӯзию зардӯзӣ ва толори фурӯши либосвории дӯхти корхонаҳои саноатии ватанӣ ҷойгир шудааст. Таваҷҷӯҳи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро либосҳои хуштарҳи пахтагину пашмин, ки дар корхонаҳои санаоатии шаҳри Истаравшан дӯхта шудаанд, ҷалб намуд. Тавре зикр гардид, ҳоло дар шаҳри Истаравшан беш аз 30 корхонаи саноатӣ фаъолияти босамар доранд, ки аксари онҳо хусусӣ мебошанд. Ҳиссаи соҳибкорони хусусӣ дар ташаккули буҷети маҳаллӣ низ хеле бузург аст.Дар ошёнаи дуюми марказ тарабхонаи бо нақшу нигор ва кандакории миллии тоҷикӣ ороёфта ҷойгир шудааст, ки басо зебою дилкаш аст. Дар он аз ҷониби ин соҳибкори саховатманд барои 11 ҷуфти ҷавонони навхонадор ва 33 писарча аз оилаҳои ниёзманд тӯйи арусӣ ва хатнасури якҷоя ороста шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаашон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, онҳо ва волидону наздиконашонро бо ин рӯзи фараҳбахш табрику таҳният гуфт.Дар ошёнаи сеюми бино коргоҳи дӯзандагӣ ташкил шудааст, ки дар он 70 нафар занону духтарон, ба кори доимӣ ҷалб шудаанд. Аз нисф зиёди онҳо аз оилаҳои камбизоат мебошанд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Истаравшан дастур дод, ки дӯхти либоси мактабиро пурра дар дохил ба роҳ монанд, зеро шаҳр беш 50 ҳазор мактаббача дорад ва маблағи хеле зиёди барои хариди либоси онҳо сарфшаванда набояд берун равад.Ошёнаи чоруми бино ба тарзи толори варзишӣ ороста шуда, дар он варзишгарони зиёд машғули машқу тамрин буданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти шаҳр дастур дод, ки ба ин соҳибкор барои бунёди як толори хуби варзишӣ дар ҷойи дигар замин ҷудо намояд. Дар ин толор бошад, маслиҳат дода шуд, ки боз як коргоҳи дӯзандагӣ омода карда шавад то ки беш аз 70 нафари дигар бо ин кори сердаромад таъмин гарданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 28, 2012 18:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд