М. Платини: «Ҳуқуқи футболи тоҷикону қирғизҳоро КФО поймол кардааст»

Октябрь 11, 2012 15:13

Душанбе, 11 октябр (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев)- Субҳи имрӯз Президенти Иттиҳоди созмонҳои футболи Аврупо ҷаноби Мишел Платини, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон ҳузур дорад, дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» бо намояндагони васоити ахбор мулоқот кард. Ӯ гуфт: «Мақсад аз сафар омӯзиш ва шиносоӣ бо вазъи футболи Тоҷикистон аст, то дар ояндаи наздик ба ФФТ кӯмак намояд». Кӯмаки ҷаноби Платинӣ аз чӣ иборат хоҳад буд, номаълум боқӣ монд, зеро ба саволи «Дар кадом самт кӯмак мекунад ва оё дар кушодани мактабхои махсуси футбол ва академияҳо саҳм гузошта метавонад?», қотеъан ҷавоб дод, ки «…кушодани чунин мактабҳо аз ҷониби клубҳои футболи Аврупо ва шахсони барӯманди футбол дар мамолики гуногуни кураи замин хатои маҳз аст ва ӯ чунин ният надорад».  Дар мавриди поймол кардани ҳуқуқи дастаҳои миллӣ ва тимҳои футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ҷониби Конфедератсияи футболи Осиё Мишел Платини изҳори нигаронӣ карда гуфт: «Дастаҳои миллии футболи Тоҷикистону Қирғизистон ва клубҳояшон аз рӯи барномасозии КФО бо дастаҳои пурқувват бозӣ карда наметавонанд ва ин боиси паст рафтани дараҷаи футбол дар ин кишварҳо гардидааст. Агар дар ин ҷода роҳбарияти Федератсияи футболи ҳар ду кишвар мубориза набаранд, баъди интихоби Президенти нави Конфедератсияи футболи Осиё дар соли 2013 вазъият боз ҳам мураккабтар хоҳад шуд». Ёдрас мешавем, ки бо ба сари қудрат омадани Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Муҳаммад ибни Ҳамоми Қатарӣ, ки бо сабабҳои коррупсионӣ дар футбол аз вазифа сабукдӯш гардид, низоми гузаронидани бозиҳо дар қитъаи Осиё дигар шуд ва дастаҳои миллии Тоҷикистону Қирғизистон ба гуруҳи давлатҳои аз нигоҳи футбол заиф шомил шуданд. Хабарнигорон тавонистанд дар фурсати на он қадар тӯлонии нишаст ба суолҳои худ ҷавоб гиранд.Дар охири вохӯрӣ Платини ба Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ рамзи ёддошт ва ба футболбозони наврас тӯбҳои бозӣ тақдим кард. Президенти ФФТ аз ташрифи ин бозингари афсонавӣ ба ҳайси Президенти Иттиҳоди созмонҳои футболи Аврупо ба Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ карда, ӯро бо тӯҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонид

Октябрь 11, 2012 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд