М. Платини: «Ҳуқуқи футболи тоҷикону қирғизҳоро КФО поймол кардааст»
Душанбе, 11 октябр (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев)- Субҳи имрӯз Президенти Иттиҳоди созмонҳои футболи Аврупо ҷаноби Мишел Платини, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон ҳузур дорад, дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» бо намояндагони васоити ахбор мулоқот кард. Ӯ гуфт: «Мақсад аз сафар омӯзиш ва шиносоӣ бо вазъи футболи Тоҷикистон аст, то дар ояндаи наздик ба ФФТ кӯмак намояд». Кӯмаки ҷаноби Платинӣ аз чӣ иборат хоҳад буд, номаълум боқӣ монд, зеро ба саволи «Дар кадом самт кӯмак мекунад ва оё дар кушодани мактабхои махсуси футбол ва академияҳо саҳм гузошта метавонад?», қотеъан ҷавоб дод, ки «…кушодани чунин мактабҳо аз ҷониби клубҳои футболи Аврупо ва шахсони барӯманди футбол дар мамолики гуногуни кураи замин хатои маҳз аст ва ӯ чунин ният надорад». Дар мавриди поймол кардани ҳуқуқи дастаҳои миллӣ ва тимҳои футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ҷониби Конфедератсияи футболи Осиё Мишел Платини изҳори нигаронӣ карда гуфт: «Дастаҳои миллии футболи Тоҷикистону Қирғизистон ва клубҳояшон аз рӯи барномасозии КФО бо дастаҳои пурқувват бозӣ карда наметавонанд ва ин боиси паст рафтани дараҷаи футбол дар ин кишварҳо гардидааст. Агар дар ин ҷода роҳбарияти Федератсияи футболи ҳар ду кишвар мубориза набаранд, баъди интихоби Президенти нави Конфедератсияи футболи Осиё дар соли 2013 вазъият боз ҳам мураккабтар хоҳад шуд». Ёдрас мешавем, ки бо ба сари қудрат омадани Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Муҳаммад ибни Ҳамоми Қатарӣ, ки бо сабабҳои коррупсионӣ дар футбол аз вазифа сабукдӯш гардид, низоми гузаронидани бозиҳо дар қитъаи Осиё дигар шуд ва дастаҳои миллии Тоҷикистону Қирғизистон ба гуруҳи давлатҳои аз нигоҳи футбол заиф шомил шуданд. Хабарнигорон тавонистанд дар фурсати на он қадар тӯлонии нишаст ба суолҳои худ ҷавоб гиранд.Дар охири вохӯрӣ Платини ба Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ рамзи ёддошт ва ба футболбозони наврас тӯбҳои бозӣ тақдим кард. Президенти ФФТ аз ташрифи ин бозингари афсонавӣ ба ҳайси Президенти Иттиҳоди созмонҳои футболи Аврупо ба Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ карда, ӯро бо тӯҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонид








Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






