Маъракаи даъват ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ оғоз ёфт

Октябрь 2, 2012 09:58

Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). – 1 октябр дар кишвар маъракаи даъвати навбатии тирамоҳӣ ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон расман оғоз ёфт.Мувофиқи хабари сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев, алҳол бо роҳбарии муовини сарвазири Тоҷикистон Руқия Қурбонова ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил ёфтааст. Назар ба маълумоти манбаъ, маъракаи даъват ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ то охири моҳи ноябри соли ҷорӣ давом мекунад.

Октябрь 2, 2012 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш