Муҳокимаи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Австрия
Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо С.Назриев дар ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Австрия оид ба ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд. Тавре ки аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба ҳайати Тоҷикистон кормандони вазоратҳои кишоварзӣ, энергетика ва саноат, тандурустӣ ва адлия низ шомиланд.Рӯзномаи ҷаласа иборат аз масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши энергетика ва саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ, стандартизатсия, бехатарии ҳуҷҷатҳо ва ҳукумати электронӣ, ҳамчунин масъалаҳои муносибатҳои миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо буданд. Дар ҷараёни ҷаласа роҳбарон ва аъзои ҳайатҳо аз рӯи масоили зикршуда табодули афкор намуданд.Аз рӯи натиҷаи ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Австрия оид ба ҳамкории иқтисодӣ протоколи дахлдор имзо шуд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






