Муҳокимаи тартиби хариди давлатии амвол
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Мавзӯи асосии семинари муштарак аз рӯи масъалаи хариди давлатии амвол, ки бо ибтикори Агентии хариди амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ 8 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иборат аз масъалаи таъмини хариди амволи давлатӣ ва хидматрасонӣ бо усули раванди судманду шаффоф буд.Тавре ки аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин чорабинӣ бо иштироки коршиносони Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа, комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи байналмилалии савдо, ҳамчунин намояндагони расмии сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои мададгор роҳандозӣ шуд.Иштирокдорони семинар масоили муҳимтарин ва имконияти марбут ба ташкили беҳдошти раванди хариди амволи давлатиро, ки дар хулосаи Бонки ҷаҳонӣ зикр ёфтааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






