Муаррифии «Ҳикмати афкори педагогии ниёгон»
Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Афкор ва ақидаҳои педагогии арзишманди шоирону нависандагон, олимону мутафаккирони асримиёнагии форсу тоҷик, ки дар такя ба аҳкоми дини мубини ислом, Қуръони маҷид, суннатҳо ва ҳадисҳои Пайғамбар Муҳаммад (с) эҷод шудаанд, барои устувор сохтани пояҳои Ислом, дастраси умум гардонидани ҳикмати маънавӣ ва зиндагисозии он хизмати босазо намудаанд. Имрӯз дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон муаррифии китоби академик Файзулло Шарифзода «Ҳикмати афкори педагогии ниёгон» доир гардид. Ҷамъомадро академик Ирина Каримова ифтитоҳ намуд. Дар ҷамъомад олимони намоён, намояндагони донишкадаҳои олӣ, муаллимон, муҳаққиқон ва зиёиён иштирок намуданд. Доир ба китоби мазкур андешаҳои худро профессор Сафар Сулаймонӣ, доктори илмҳои педагогӣ Ҷамолиддин Саидзода, директори Пажуҳишгоҳи рушди маориф Шарифмурод Исрофилиён ва дигар олимони соҳа баён намуданд. Муаллифи асар зимни муаррифии он аз ҷумла изҳор дошт: «Дар рисола, ки ҳикмати исломӣ тавассути сура ва оёти Қуръони маҷид, суннат ва ҳадисҳои Муҳаммад (с) иқтибос мешаванд ва баъдан ҷовидон ва ҳаётӣ будани онҳо тавассути иқтибоси ҳикоёту ривоятҳо, байту мисраъ ва порчаҳои шеърӣ исбот мегарданд, афкори педагогии ниёгонамон ҷамъбаст гардидааст. Ақидаҳои тарбиятӣ-педогогии эшон ба он далолат мекунад, ки мардум аз мантиқ, мафҳум ва мазмуни ҳақиқатан созандаи ислом воқиф гарданд, донанд, ки ислом ҳам покии руҳ ва ҳам покии танро аз инсонҳо тақозо дорад ва дини созанда ва ҳаётӣ мебошад». Китоб барои олимон, омӯзгорон, муҳаққиқони соҳаи фалсафаи педагогӣ, аспирантон ва оммаи васеи дилбохтагони афкори педагогии ниёгон пешкаш мегардад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






