Мулоқоти Э.Раҳмон бо намояндагони ҷамъияти тоҷикони Финляндия
Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар»). — Шоми рӯзи 23 октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Ҳелсинки – пойтахти Финландия шуд.Боздиди нахустини Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Финландия бо мулоқоти судманди ӯ бо ҳамзабонону ҳамватанони муқими ин кишвар оғоз ёфт.Дар оғози вохӯрӣ хотиррасон гардид, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пайваста зимни сафарҳои хориҷӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо тоҷикону ҳамватанони бурунмарзӣ мулоқотҳои судманд анҷом диҳад.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки имрӯз Тоҷикистон бо 124 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монда, барои фароҳам овардани заминаи зарурии ҳамкории гуногунҷанба бо онҳо қариб 1,5 ҳазор шартномаву дигар санадҳои ҳуқуқӣ ба имзо расондааст.Аз марҳилаи “шиносоии мутақобила” ва “интизории қадамҳо ба сӯи якдигар” гузашта, ба масири рушди бемайлон ворид шудани робитаҳои Тоҷикистону кишварҳои Аврупо заминаи хуб барои густариши ҳамкории гуногунҷанба, аз ҷумла бо ҷалби ҳамзабонону ҳамватанони муқими ин қитъа номида шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимнан изҳор дошт: “Мо ҳавасманди ҷалби ҳамдиёрони бурунмарзиамон ба равандҳои бунёдкорӣ дар Тоҷикистон буда, хоҳони онем, ки онҳо шарикони доимии Ҳукумати кишвар дар раванди рушди устувори ҷумҳурӣ бошанд”.Ҳамзамон таъкид гардид, ки «давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пушту паноҳи ҳамаи ҳамватанону ҳамдиёрони бурунмарзӣ аст ва сарфи назар аз маҳалли кору зиндагиашон, бо қадри имкон онҳоро дастгирӣ мекунад».Дар мулоқот сӯҳбати озоду самимӣ сурат гирифт. Зимни он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба суолу дархостҳои ҳамзабонону ҳамватанони муқими Финляндия посух гуфта, ба масъулини дахлдор аз ҳайати ҳамроҳи худ барои татбиқи амалии пешниҳодҳои муфиди онҳо дастуру ҳидоятҳо дод.Ба ҳамватанони муқими Финляндия, ҳамчунин асбобҳои мусиқӣ ва либосҳои милили тоҷикӣ, китобу маводи дигари муаррификунандаи ҳаёти гузашта ва имрӯзаи Тоҷикистон тақдим карда шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






